Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Парвози махсуси ҳавопаймои ширкати русӣ: 162 муҳоҷир ба Ватан баргашт

663
(Таҷдидшуда 12:05 26.05.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” 162 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, субҳи 26 май дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия 162 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.

 Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳавопаймо инчунин ду ҷасади муҳоҷири тоҷик барои хоксупорӣ баТоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки аз ин кишвар дар марҳилаи аввал шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

663
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷир, ҳавопаймо, парвоз, вазорати умури хориҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Худкушӣ ё маризи COVID - 19 буд: даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк"

170
(Таҷдидшуда 18:28 11.08.2020)
Дар ноҳияи Шаҳринав собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк" Зоирҷон Қурбонов дар синни 36 - солагӣ фавтидаст

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбон" дар ноҳияи Шаҳринавро рӯзноманигори тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудааст ва аз марҳум инсони хоксору заминӣ ёдовар шуд.

Зимнан, дар аксар расонаҳои кишвар хабари даргузашти Зоирҷон Қурбонов нашр шуд ва иллати марги ӯро худкушӣ навиштанд.

Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

Аммо манобеи Фараж бо такя ба гуфтаҳои наздикони Зоирҷон хабар дод, ки собиқ раиси филиали ин бонк дар ноҳияи Шаҳринав аз маризии коронавирус ба ҳалокат расидааст.

"Марҳум аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш азият мекашид ва тайи як ҳафтаи ахир дар бемористони ноҳияи Шаҳринав бистарӣ буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ба қавли наздикон, Зоирҷон Қурбонзода ду моҳ қабл ба бемории коронавирус гирифтор шуда будааст.

"Ин беморӣ баъдан ба шушҳояш таъсир гузошт", — афзудаанд пайвандони марҳум.

170
Барчаспҳо:
Агроинвестбонк, филиал, раис, собиқ, даргузашт, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

29
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе, ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ӯ ғарқи об шуда ҷон бохт.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

29
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, дучархарон, Лахш