Колонна медикаментов и средств защиты в Хатлонской области

Тоҷикистон дар 4 моҳ бештар аз 4 тонна кӯмаки башардӯстона гирифт

77
(Таҷдидшуда 15:38 26.05.2020)
Ӯзбекистон, Чин ва Русия кумакдиҳандагони аслӣ ба ҶТ маҳсуб мешаванд. Ҳаҷми кулли кумакҳо инсондӯстонаи ин 3 кишвар беш аз 5 миллион доллар мебошад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тоҷикистон дар 4 моҳ бештар аз 4 тонна кӯмаки башардӯстона гирифт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

43 кишвари ҷаҳон дар 4 моҳ ба Тоҷикистон ба арзиши беш аз 7,7 миллион доллар кумаки инсондӯстона ироа доданд.

Бино ба иттилоъи Ожонси омори кишвар, ҳаҷми кулли кумаки инсондӯстона беш аз 4 ҳазор тонна буд.

Кумакҳои инсондӯстона муштамил бар орд, равғани растанӣ, дору ва ғайра буданд.

Ӯзбекистон, Чин ва Русия кумакдиҳандагони аслӣ ба ҶТ маҳсуб мешаванд. Ҳаҷми кулли кумакҳо инсондӯстонаи ин 3 кишвар беш аз 5 миллион доллар мебошад.

Кӯмаки башардӯстона тартиботи сиёсати ҷаҳониро тағийр дод

Тоҷикистон дар муддати мушобеҳи соли гузашта ба арзиши ҳудуди 20 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт карда буд.

 

77
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

666
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

666
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Аптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото

Кумаки навбатии Ожонси Оқохон ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID -19 - навор

91
(Таҷдидшуда 12:53 21.09.2020)
Ожонси Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, кумаки навбатӣ дар мубориза бо маризии сироятии коронавирус таслим намудааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба хотири мубориза алайҳи маризии коронавирус дастрас намуд.

Бар хабари котиботи кумитаи мазкур, дар ин маросим Рустам Назарзода раиси КҲФ ва сарвари Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд. 

Кумаки ироакардаи Ожонси Оқохон аз доруворӣ, корҷомаҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои ҳифозатӣ, ниқобҳо, сӯзандоруҳо, дастпӯшҳо, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептикҳо, воситаҳои уфунатзудоӣ, ки барои мубориза бо КОВИД-19 самароварданд, ирорат мебошад.

Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад

Таъкид гардид, ки кумаки мазкур барои табобати ҳайати шахсии КҲФ дар сурати мубтало шудани онҳо ба маризии коронавирус равона гардидаст.

Гузашта аз ин, Ожонси Оқохон оид ба Зистгоҳ  як мошини тамғаи "Ниссан" - ро, ки мутааллиқ ба КҲФ буд, пурра таъмир карда, дар ихтиёри кумитаи мазкур гузошт.

91
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кумак, Бунёди Оқохон