ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон имрӯз дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.
Спирт нӯшем ё на: посухи Шӯрои уламо ба Шероз, ки барои пешгирии коронавирус тавсия пурсид
Вай афзуд, ки маҳдудият ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.
Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.
Бо даъвати Рустам: груруҳи табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд
“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт ниятбеков.
Вай ҳамчунин илова кард, ки мақомоти ВМКБ ин паёмро ба тамоми мардуми Бадахшон, ки дар ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ ба хусус дар пойтахт зиндагӣ мекунанд расонидааст.
Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ 3100 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.
Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.
Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.
"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.
Ба гуфтаи табиби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.
"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.
Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд
Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.
"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.
Соли 1920 дар Русияи Шӯравӣ расман ҳукми қатл бекор карда шуд.
Соли 1950 Ҳизби коммунистии Боливия таъсис дода шуд.
Соли 1995 дар шаҳри Кобеи Ҷопон дар пайи зилзилаи шадид зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2011 сомонаи интернетии Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон фаъол гардид.
Соли 2012 дар Тоҷикистон Маркази коркарди миллӣ кушода шуд.
Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд филиали КВД "Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ" ифтитоҳ гардид.
Соли 2014 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
Соли 2018 дар шаҳри Маскав аввалин бор дар ин сол ҷаласаи Камиссияи ҳамкории иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия, Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторӣ роҳбарӣ намуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро тасдиқ карданд.
Соли 2015 дастаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21), бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар доираи мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Иттиҳод", ки аз 16 то 26 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастаи Қазоқистон вохӯрӣ намуд.
Соли 1893 – Шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.
Соли 1893 –яке аз муборизон дар роҳи таъсис додани ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон Борис Вячеславович Толпиго.
Соли 1927 – Сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов таваллуд шудааст.
Соли 1950 – Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.