Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин принял участие в очередном заседании Совета министров иностранных ОДКБ

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи СПАД: аз вирус дар Тоҷикистон ва амният дар Афғонистон

130
Вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори сулҳофаринии СПАД, мақоми Нозир ва Шарики СПАД-ро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ иштирок кардааст.

Нишасти мазкур дар шакли видеоконфронс баргузор гардидааст.

Тавре ВУХ  хабар медиҳад,  ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, пиромуни масоили Афғонистон ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд

Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори сулҳофаринии СПАД, мақоми Нозир ва Шарики СААД, инчунин ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалӣ ва Муҳриддинминтақавӣ, аз қабили ИДМ ва СҲШ-ро баррасӣ кардаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин аз вазъи паҳншавии коронавирус ва пешгириву мубориза бо он дар Тоҷикистон гуфтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд

Зимни баррасии вазъияти бавуқӯъомадаи эпидемиологӣ бар асари ҳамагирии (пандемияи)  коронавируси нав COVID-2019, Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба паҳншавии коронавирус дар мамлакат маълумот дод.

"Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистонро дар доираи СПАД зикр  карда, зарурати муборизаи шадид бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро таъкид намуд", - менависад ВУХ.

Дар робита ба вазъият дар Афғонистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки Тоҷикистон, ки дорои тӯлонитарин сарҳад бо он кишвар аст, тамоми чораҳои низомию сиёсиро ҷиҳати рафъи хатарҳо андешида истодааст. Таъкид гардид, ки вазъияти кунунӣ аз тамоми кишварҳои узви СПАД вокуниши муносиб, ба вижа гузоштани қадамҳои таъхирнопазирро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии Созмон талаб мекунад.

Вазирони корҳои хориҷӣ чанд изҳороти муштарак, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамбастагиву ҳамёрӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавирус,  дастгирии даъвати Дабири кулли СММ ба эълони ҷаҳонии оташбас  бино ба ҳамагирии COVID-19, роҷеъ ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва  оид ба ба таъйиди пойбандӣ ба аҳдофу усулҳои Ойинномаи СММ-ро қабул карданд.

Дар интиҳои ҷаласа чанд қарор аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирон дохил шуда буданд, қабул гардиданд.

130
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

32
(Таҷдидшуда 12:06 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

32
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

131
(Таҷдидшуда 11:32 30.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

131
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт