"Фарзандбезор нестам": модари кӯдаконе, ки аз дасти падар озор медиданд, наздашон меояд

© PixabayДевочка плачет, архивное фото
Девочка плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модари ду кӯдаке, ки аз дасти падари худ латукӯб мешуданд, мегӯяд ба Русия танҳо ба хотири пул кор кардан ва соҳиби як сарпаноҳ шудан бо ҳамсар ва фарзандони худ дошт

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Диловар Сафаров блогери тоҷик ахиран бо модари кӯдаконе, ки аз ҷониби падари худ кӯфта мешуданд, ҳамсӯҳбат шуд. Модари ин ду дӯстрӯяк мегӯяд, аз пайи харид кардани чипта аст ва агар имкон пайдо кунад, фавран ба Тоҷикистон бармегардад ва кӯдаконашро бозпас мегирад.

"Ман модари фарзандбезор нестам. Ман худ аз падару модарам ятим мондам ва кӯдакони худро бесоябон намемонам", - мегӯяд ӯ.

Модари ин ду тифли бегуноҳ бо овози ларзону гирён қисса намуд, ки дар хонаи шавҳари худ ҳарчанд ғуломвор хизмат мекард, аммо пайваста аз ҷониби ҳамсар ва хушдомани худ озор медид.

"Пас аз он ки ҳамсари ман бо содир намудани ҷинояте пушти панҷара рафт, ман бо маслиҳати хушдоманам ба муҳоҷират рафтам", - гуфт модари кӯдакон.

Ба гуфтаи ӯ, фарзандони худро танҳо ба хотири таъмин кардани онҳо бо хонаи зист тарк кард.

Аммо дар 1 солу чор моҳе, ки аз назди кӯдакони худ дур буд, тамоми маблағи коркардаи худро бо таҳдиди падари фарзандонаш ба ӯ ирсол мекард.

Ба нақли ӯ, ҳамсараш фарзандони кӯчаки худро мавриди латукӯб қарор медод ва ин лаҳзаҳоро навор бардошта ба вай мефиристод.

"Таҳдид мекард, то маблағ фиристам ва кӯдаконам беозор монанд".
Игрушечное сердце в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додом назад, нағзаш мебинам: хабаргирии кӯдаконе, ки падараш онҳоро кӯфт-видео

Қаблан Диловар Сафаров бо хушдоман ва ду кӯдаки ин модар ҳамсӯҳбат шуда буд ва фарзандони ӯ ба такрор мегуфтанд, ки "додомон хуб аст ва моро намезанад".

Аммо модари кӯдакон бар ин назар аст, ки онҳоро тарсонданд ва аз тарси ҷони кӯчаки худ ҳама чизро рад мекарданд.

"Ман бармегардам ба назди кӯдаконам. Онҳо бо дидани ман қувват мегиранд ва тарс низ аз қалби онҳо дур мешавад. Он замон ҳама чизро ба ман такроран қисса мекунанд".

Номбурда ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои бетараф набудани онҳо дар қиболи тақдири ду кӯдакаш изҳори миннатдорӣ намуд ва умед баст, ки дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон бармегарад ва ҳама чизро равшану возеҳ ба мардум мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0