Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Нахустин сафари корӣ баъд аз эълони коронавирус: Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт

1895
(Таҷдидшуда 11:11 28.05.2020)
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки то имрӯз дар ин минтақа 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштааст, ки табибон бояд барои муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Раисҷумҳур барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона ба табибон изҳори миннатдорӣ намуд.

1895
Барчаспҳо:
зиндагӣ, Хатлон, вилояти Хатлон, сафар, Раисҷумҳур, Тоҷикистон
На улице в городе Душанбе, архивное фото

Гармии тоқатфарсо: ҳавошиносон дақиқ гуфтанд имрӯз то чанд дараҷа гарм мешавад

6
(Таҷдидшуда 10:58 06.07.2020)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

6
Барчаспҳо:
гармӣ, бебориш, камабр, обу ҳаво, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

104
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки ба фурӯши силоҳи сард дар Душанбе машғул будааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии “Корд” сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми як амалиёт аз ин ҷавони 25 сола миқдори зиёди силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”  дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

104
Барчаспҳо:
корд, амалиёт, Душанбе, силоҳ, боздошт, Тоҷикистон