ОАЭ направляет медицинскую помощь Таджикистану в борьбе с COVID-19

Беш аз 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ аз Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон расид

723
(Таҷдидшуда 11:51 28.05.2020)
Дирӯз як ҳавопаймои махсус аз Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон кумаки башардустона овард. Ин ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе беш аз 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ овард

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Аморати муттаҳидаи Араб барои пешгирӣ ва муборизаи саривақтӣ бар зидди  вируси корона Тоҷикистонро бо таҷҳизоти  тиббӣ кумак кард.

Бино бар иттилои Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Точикистон, кумаки башардӯстонаи  Аморати муттаҳидаи Араб дар ҳаҷми 10,7 тонна буда, он  аз маҳсулоти муҳофизатии тиббӣ, аз ҷумла хилъати тиббӣ, дастпӯшак, ниқоб, бахил, салфетка ва маҳлулҳои антисептикӣ иборат мебошад.

Инчунин ин кишвар барои муайян кардани COVID-19 беш аз 20 ҳазор адад тест равон кардааст.

Кумаки мазкур дар шакли лавозимоти тиббӣ аз ҷониби Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ҳамчун нишонаи ҳамкорӣ ва бо мақсади таҳкими муборизаи муштарак бар зидди COVID-19 равона шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, кумакҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба беморхонаҳои ҷумҳурӣ  тақсим карда мешавад.

723
Барчаспҳо:
таҷҳизоти тиббӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, кӯмаки башардӯстона, башардӯстона, кумак, Тоҷикистон
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

13
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

13
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
День 20 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

22
(Таҷдидшуда 19:25 19.09.2020)
Рӯзи бистуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин рӯз аз Рӯзи соҳибкорон ҷашн мегирад

Рӯзи 20 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1802 дар Россия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.

Соли 1902 дар натиҷаи сӯхтор дар калисои шаҳри  Бирмингеми Англия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

День 18 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1917 Парлумони Канада ба модар, ҳамсар ва хоҳари аскари дар майдони ҷанг муборизабаранда ҳуқуқи овоздиҳӣ пешниҳод кард.

Соли 1992 аксарияти аҳолии Фаронса  дар раъйпурсӣ барои шомил шудани кишварашон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.

Соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул кард.

Рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010  Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 Сарвари давлат ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар кард.

Соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии "Тоҷикистон: 25 соли истиқлолияти давлатӣ"-ро нашр намуд.

День 15 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов дар рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон шомил шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карданд.

Соли 2018 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ" - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.
  • Дар Белорус – Рӯзи гумрукчиён.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи соҳибкорон.
  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1909-1993)  Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Ҷалол Икромӣ.

Солҳои (1916-1986)  Ҳунарманди театр ва халқии Тоҷикистон Тӯтӣ Ғафорова.

Соли 1945 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.

Солҳои (1946-2010) дорандаи ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Музаффар Неъматов.

Соли 1947 Профессори илмҳои иқтисодӣ Амир Катаев.

22
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон