Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

194
(Таҷдидшуда 19:42 29.05.2020)
Сарбози 19 - солаи тоҷик Давлатёр Зоиров, ки аз тири марзбонони қирғиз ҷароҳат бардошта буд, то ҳол дар бемористон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Пизишкон вазъи саломатии Давлатёр Зоиров, сарбози 19 - солаи тоҷикро хуб арзёбӣ мекунанд. Ба иттилои котиботи маъмурияти шаҳри Исфара, Зоиров дар бемористони минтақавӣ таҳти муолиҷа қарор дорад.

Номбурда рӯзи 24 - уми май аснои тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз тири сарҳадбонони қирғиз захм бардошт.

Муноқишаи марзӣ пас аз он сар шуд, ки рӯзи 24 май чӯпонони қирғиз сарҳадро убур карда, ба як маҳаллае дар вилояти Суғд расидаанд. 

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Сарҳадбонони тоҷик кӯшиш карданд, ки муноқишаро ҳал кунанд, аммо марзбонони қирғиз сӯйи ҳамтоёни худ оташ кушоданд.

Бар тибқи изҳороти Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон, "ҷониби Қирғизистон ба ҷои иҷрои созишномаҳои дуҷониба оид ба демаркатсияи минтақаҳои баҳс, ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони иловагиро фиристод, ки онҳо самти сокинони осоишта оташ кушоданд".

194
Барчаспҳо:
сарбоз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Пострадавшие от стихии жители Бедак заселились в новые дома

Бунёди деҳаи нав барои зарардидагони сел дар ноҳияи Фархор

23
(Таҷдидшуда 16:44 27.11.2020)
Ахиран дар ноҳияи Фархор барои шаҳрвандоне, ки манзилҳояшон аз сел зарар дида буд, деҳаи нав бунёд гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Фархор деҳаи нав бунёд шуд, хабар медиҳад мақомоти ноҳияи Фархор.

Бино ба гузориши манбаъ, моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор бар асари фаромадани сел якчанд манзилҳои истиқоматӣ зарар дида буд.

  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
1 / 3
Правительство Фархорского района
Деҳаи нав дар Фархор

Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии бунёди хайриявии давлати Қатари Аморати Муттаҳидаи Араб дар яке аз минтақаҳои мутобиқ барои зист, барои хонаводаҳои зарардида, деҳаи нав бунёд гардид.

Об омад: Сокинони як деҳаи навбунёд дар Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

"Деҳаи навбунёд иборат аз 25 хона буда, ҳар яки он аз 3 ҳуҷра ва ба системаи санузелӣ пайваст мебошад. Ҳамин тавр, якчанд аҳолии ниёзманд тибқи қуракашӣ соҳиби манзилҳои нави истиқомати гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

67 тонна семент: кумаки Покистон ба осебдидагони сел дар Хуросон

Дар маросими ифтитоҳи деҳа аҳли фарҳангу маорифи ноҳия ва меҳмонон ширкат доштанд.

23
Барчаспҳо:
бунёд, нав, ноҳияи Фархор, деҳаи нав
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем

Даҳ миллион доллар барои хариди таҷҳизот ба хотири назорати кӯли Сарез

78
(Таҷдидшуда 16:12 27.11.2020)
Бонки Рушди Осиё (БОР) ба Тоҷикистон барои хариди таҷҳизот барои назорати кӯли Сарез маблағ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои интиқол, насб ва ба истифодаи таҷҳизот барои навсозии системаи назорат ва огоҳии пешакӣ кӯли Сарез дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонид, иттилоъ додааст намояндагии Бонки Рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон.

 Таъкид шудааст, ки шартнома қисми Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҷониби гранти БОР ба маблағи 10 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.

Шартнома ба маблағи 750 ҳазор доллар бо ширкати “Group Limited Liability Partnership”-и Қазоқистон, ки дар натиҷаи озмуни кушоди БОР интихоб гардидааст, имзо шуд.

Таъкид шудааст, ки таҷҳизоти нави назорат ва огоҳкунии барвақт аз дастгоҳҳои GPS, акселерометрҳои қавиҳаракат, санҷандаҳои (датчики) фишори зериобӣ, бесарнишин, радио, телефонҳои моҳворавӣ, истгоҳҳои обу ҳавои автомобилӣ, истгоҳҳои гидрологӣ, истгоҳҳои гидрометрӣ ва ғайра иборатанд.

Кӯли Сарез дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин кӯл соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки ярчҳои азимеро ба амал овард ва дарёи Мурғобро баст, ба вуҷуд омадааст. Дарозии кӯл зиёда аз 60 км, чуқуриаш 500 м буда, тақрибан 17 километри мукааб об дорад. Минтақаи кӯл зери фаъолнокии назарраси сейсмикӣ қарор дорад, ки он назорати кӯлро талаб мекунад.

БОР моҳи сентябри соли 2018 Лоиҳаи идораи хатари офатҳои табииро барои кумак ба Тоҷикистон дар омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ ба одамон тасдиқ кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иҷрокунандаи ин лоиҳа мебошад.

78
Барчаспҳо:
харидорӣ, таҷҳизот, назорат, БОР, Тоҷикистон