Борони кӯтоҳмуддат меборад: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

394
(Таҷдидшуда 10:33 30.05.2020)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамин гуна ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ мушоҳида хоҳад шуд. Ҳаво дар ин минтақа тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст.  Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меоядҲаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

394
Барчаспҳо:
боришот, Ожонси обуҳавошиносӣ, борон, Тоҷикистон
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

224
(Таҷдидшуда 17:58 20.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар бораи бозкушоии масҷидҳо қарор қабул кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад.

Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

Абдулқодирзода: шумораи масҷид дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба 4 ҳазор расид

Дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки АМИТ "Ховар" нашр кардааст, гуфта мешавад:

  • бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус- COVID-19 аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад;
  • Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

"Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад", - таъкид мешавад дар хабар.

224
Барчаспҳо:
боз, масҷидҳо, Тоҷикистон
Навоз в кузове автомобиля

“Таппакбизнес”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон

137
(Таҷдидшуда 18:24 20.01.2021)
Таппак, ғӯзапоя, ҳезум, ангишт, газ... Бозори аҷибу ғариби сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муҳтавояшро ғанӣ мекунад, вақте таъмини аҳолӣ бо барқ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва зарур меояд, ки ба ҳар қимате набошад, ба оташу гармӣ даст ёфт

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. 5 январ, вақте ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барои аҳолиро эълон кард, дар бозорҳои кишвар якбора қимати маводи сӯхт боло рафт. Дар баробари ангишту газ, ки аз сӯи корхонаҳои саноатӣ тавлид ва ё аз сӯи ширкатҳо аз хориҷ ворид мешаванд, бозори таппаки чорводорону ҳезуми ҳезумкашон ва ғӯзапояи деҳқонони пахтакор низ гарм шуд.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз гӯшаву канори Тоҷикистон тасвири ҷолибе аз ин бозори аҷибу ғариб ба даст медиҳанд, ки зоҳиран сол то сол ҷолибу ҷаззоб мешавад, аммо дар ягон омору ҳисоботи расмӣ таърифе аз он вуҷуд надорад ва як тиҷорати ҳамоно ношинохта барои иқтисод боқӣ мемонад.

Аз оғил ба бозор

Таппак, ки аз поруву саргини гову гӯсфанд ва бузи хонагӣ ҳосил мешавад, як сӯзишвории анъанавӣ дар Тоҷикистон аст, ки маъмулан хоси деҳот аст, аммо барои шаҳрҳо низ бегона нест. Ҳеҷ кас қадомати ин маводи сӯхтро намедонад.

Маъмулан таппакро дар шакли саргин фасли тобистон аз дашту саҳро ҷамъ оварда, захира ва дар фасли зимистон барои гармӣ ва пухтупази хонавода истифода мекунанд. Аммо афроде, ки дар хона чорво доранд, онро фасли сармо дар шакли тар ҷамъ оварда, дар фасли гармо хушк ва дар таппакдонҳо захира мекунанд.

Дар қиёс бо ҳезум, ки аз он дар осори таърихиву адабии асрҳои пешин ёд мешавад ва манбаъи даромади фақиронаи тоифаи ҳезумкаш дар бозорҳо буд, зоҳиран, таппак тайи сӣ соли ахир ба моли тиҷорат табдил ёфтааст.

Акбархӯҷа, як тоҷир дар чорроҳаи Ороми канори Хуҷанд, ки аз навоҳии атрофи шаҳр таппаку ҳезум ва ғӯзапоя меорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ маъмулан моли тиҷорати худро тобистон ва аввали тирамоҳ захира мекунад.

“Кам касе ба ин бозор таваҷҷӯҳ дошт. Баъзеҳо ор мекунанд. Аммо шахсан чанд сол аст, ки бо ин кор машғулам. Аввалҳо барои ошхонаҳои шаҳр ҳезум таҳия мекардам. Баъд дарёфтам, ки дар давраҳои бебарқӣ мардуми дигар ҳам дар ҷустуҷӯи ҳезуму таппак мешаванд. Бале, ин тиҷорати ҳамешагӣ нест, мавсимаш асосан ду-се моҳ тӯл мекашад, аммо бедаромад нест”, - гуфт ӯ.

Акбархӯҷа ва дигар ҳамсӯҳбатони мо аз Рашту Хатлон ва Душанбе дар бораи таппак ҷузъиёти ҷолибе ба даст медиҳанд. Ба қавли онҳо, агар дар оғоз як навъи оддии таппак дар як кунҷи бозорҳо савдо мешуд, ҳоло чандин намуди он ва дар як гӯшаи махсус дар қатори ангишту ҳезум харидуфурӯш мешавад.

Аз навъҳои таппак чалма ё сангтаппак (ки дар оғил саргини ҳайвонро сум зада, баъд дар шакли чоркунҷа бо каланд ё бел мекананд), кулӯлатаппак, тағора ё сатилтаппак (ки дар қолаби тағора ё сатил сохта мешавад), кумуртаппак (омехтаи ангишту саргин), таппаки заминӣ, ҳатто деворӣ ва ғайра низ бо шаклу намуди хос дар бозорҳо ироаи муштариён мешаванд, ки гоҳо донабайъ ва гоҳо бо мошин яклӯхт ба фурӯш мерасанд.

Акбархӯҷа мегӯяд, таппакро на фақат мардуми камдаромади деҳотӣ, балки сарватмандони шаҳрӣ низ харидорӣ мекунанд.

“Ба қавли маъмул, ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатӣ, бахусус пойҳои инсон, фоидаовар аст. Агар қӯри онро ба сандалӣ гирифта, пойҳоятонро дарун кунед, бубинед, ки чӣ роҳате дорад. Тарбоду дардро мерабояд. Таппаки гӯсфанд мисли ангишт метавонад сари касро гирад ва дилбеҳузур кунад, аммо монанди ангишт кушанда нест. Таппаки буз хеле камёфт аст. Таппаки гов бисёр ва бозоргир аст”, - гуфт ӯ.

Соли равон нархи як дона таппак вобаста ба навъаш аз 25 ё 50 дирам ба 1 то 1,5 сомонӣ ва як мошинаш аз 400 ба 800 сомонӣ боло рафт, ки ба қавли огаҳони ин бозор, дар гузашта собиқа надошт ва ҳам далолат бар қавӣ гаштани мавқеи ин маводи сӯхт дар бозор мекунад.

Кундаи муфиди бобоӣ

Ҳезум аз қадим ва то он замон, ки нафту газ ва ангишт дар зиндагии мардуми ҷаҳон пайдо нашуданд, беҳтарин ва маъмултарин маводи сӯхт буд. Он чӣ ҳезумро аз таппак фарқ мекунонанд, оташбардории он ва он чӣ умумияташон медиҳад, ба истилоҳ, аз лиҳози экологӣ тоза ва барои сиҳатӣ муфид будани онҳо аст.

Абдураҳим, як фурӯшандаи дигар аст, ки бозори шаҳри Ваҳдат ва ҳам бозорчаи дуроҳаи Қарағочи канори шаҳри Душанберо бо таппаку ҳезум таъмин мекунад. Тиҷорати вай таъмин намудани як қатор ошхонаҳои Ваҳдату Душанбе бо ҳезум аст, аммо вақти фаромадани сардӣ захираҳои молашро ба бозорҳо низ ироа мекунад. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмулан ҳезуми дарахтони пири зардолу, себ, олуча ва тут муштариёни зиёд доранд.

“Ҳезуме, ки аз дарахти мева ҳосил мешавад, агарчи сахтшикан аст, кам дуд мекунад, дер месӯзад ва ҳам фоида дорад. Асосан афроди сарватманд ё миёнаҳол онро супориш медиҳанд. Ин анвои ҳезум аз боғҳои куҳна ба даст меоянд. Вақте дарахтон ё шохаашон хушк мешаванд, онҳоро мебуранду ҳезум мекунанд”, - гуфт Абдураҳим.

Ба қавли ӯ, ҳезум дар шакли кунда ва ё бастаи шохчаҳо фурӯхта мешавад, масалан, имсол як метр кунда аз 50 сомонии тирамоҳ ба 90 сомонӣ дар вақти сармо боло рафт ва ҳамин тавр, нархи як дарзаи шохчаҳо ё ҳезуми резашуда аз 3,5 ба 6 сомонӣ афзуд.

Дар умум, дар саросари Тоҷикистон имрӯзҳо як мошини ҳезум вобаста ба гунҷоишаш аз 800 то як ҳазор сомонӣ, ҳатто бештар аз ин арзиш дорад, ки ба қавли тоҷирон, барои як зимистон, бо иттифоқи истифода аз барқу ангишт, кифоят мекунад.

Пешдаргирон

Ғӯзапоя, боқимондаи заминҳои пахтаи манотиқи пахтакори Тоҷикистон аст, ки аз оғози пайдоиши ин рустанӣ дар кишоварзии Тоҷикистону минтақа, ба масобаи маводи сӯхт истифода шудааст.

Сангалӣ, як фурӯшандаи ғӯзапоя дар шаҳри Бохтар мегӯяд, афроде, ки замини пахта доранд ва ғӯзапоя ба даст меоранд, зиёдатии онро мефурӯшанд. Ба қавли ӯ, ғӯзапояро асосан барои пешдаргирон истифода мекунанд, зеро ҳамон тавре ки зуд месӯзаду зуд хонаро гарм мекунад, ҳамон гуна зуд тамом мешавад.

Сухие  стебли хлопчатника
© Sputnik
Сухие стебли хлопчатника

“Агар ниҳолаш ғафс бошад, каме медорад, дар акси ҳол, зуд сӯхта тамом ва хона ҳам зуд сард мешавад. Аз ин хотир, мардум дар баробари он ангишту ҳезумро низ захира мекунанд, то гармии хонаро муътадил нигоҳ доранд”, - гуфт Сангалӣ.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, як дарзаи ғӯзапоя дар гӯшаву канори Тоҷикистон аз 3 то 5 сомонӣ савдо мешавад ва як мошинаш аз 400 то 700 сомонӣ.

Фақат ангишт

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар бозорҳои Хоруғ, маркази вилоят, ғӯзапоя аслан вуҷуд надорад ва таппаку ҳезум низ хеле ба нудрат пайдо мешавад.

Аслишоҳ, як сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, дар Бадахшон чорвои хонагӣ, бавижа гову гӯсфанд, кам аст ва агар сокинон таппак ҳам кунанд, аз эҳтиёҷоти худашон зиёдатӣ намекунад.

“Азбаски замини кишоварзӣ кам аст, боғот низ кам ҳастанд ва ҳезумеро, ки ба даст меояд, худи хонаводаҳо масраф мекунанд. Аммо барои сардиҳое, ки дар Бадахшон ҳукм меронанд, чораи асосӣ ангишт аст, ки аз берун ворид мешавад”, - гуфт Аслишоҳ.

Дар Бадахшон ангишти серхаридор аз водии Олойи Қирғизистон ва кони Назар Айлоқи Рашт ворид мешавад, ки килои он аз 1,8 то 2, 20 дирам арзиш дорад. Дар қисматҳои дигари Тоҷикистон низ бар иловаи ангишти қирғизӣ, ангишти конҳои ноҳияи Айнӣ низ ба бозорҳо ироа мешавад ва қиматашон аз 1,8 то 2,5 сомонӣ сари кило аст.

Сӯзишвории дигаре, ки дар сардиҳо деги мардумро меҷӯшонад, гази моеъ аст. Онро дар баллонҳои хурди сохти Эрону Чин харидорӣ намуда, барои хонавода хӯрок омода мекунанд.

Мешки угля
© Sputnik
Мешки угля

Таҷрибаи бо газ гарм кардани хонаҳо, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, натиҷаи мусбат надодааст, зеро ин маводи сӯхт ҳавои хонаро вайрон мекунад ва ба сиҳатии мардум зиёновар аст.

Дар гузашта ин маворид, ки афрод аз дуди ангишт ва таркиши баллонҳои газ ба ҳалокат расидаанд, гузориш шуда буд.

137
Барчаспҳо:
гармӣ, сӯзишворӣ, ҳезумчинӣ, ангиштсанг, лимити барқ, Тоҷикистон
Cтроительство газопровода Северный поток (Nord Stream)

"Маҷрои шимол - 2" тақдири муносиботи Олмону ИМА-ро ҳал мекунад

14
(Таҷдидшуда 17:35 20.01.2021)
Ҷо Байден дар арафаи савгандёдкунияш аз шарики калидии ИМА, Олмон тӯҳфаи на он қадар гуворо гирифт. Он аз маҷмӯи мушкилоте иборат аст, ки маъмурияти нав бояд бо он гирифтор шавад.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ирина Алкснис.  Иёлоти Муттаҳида алайҳи кишти лулагузори Русия, “Фортуна”, ки бо бунёди “Маҷрои шимол-2” сарукор дорад, таҳримот ҷорӣ кард. Инчунин, бино ба гузоришҳои расонаҳои олмонӣ, сафорати Амрико дар Берлин ҳукумати Олмонро аз нақшаҳои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав огоҳ кардааст.

Мақомоти Олмон бо вокуниши оромонаи худ то ҷое таҳқиромез рафтор карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки “бо таассуф инро ба назар мегиранд”, яъне ҳатто изҳори ташвиши расмӣ нашудааст.

Ин рӯйдод, идомаи мантиқии як ҳодисаи дигаре буд, ки чанд рӯз пеш рух дод. Николас Бернс, собиқ ноиби котиби давлатӣ ва мушовири сиёсати хориҷии Ҷо Байден дар интихобот, боздошти таҳримҳои ИМА дар мавриди лӯлаи газро  ба миён гузошт, то маъмурияти нав "имконият пайдо кунад, ки бо ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои ширкаткунанда суҳбатҳои муътамад дошта бошад".  Мусаллам аст, ки Бернс аҳ пеши худ амал накард, балки пешниҳоди Вашингтонро садо дод. Бо вуҷуди ин, олмониҳо онро сарфи назар карданд.

Роҳбари Кумитаи энержии Бундестаг, Клаус Эрнст муҳокимаи сиёсати энергетикии Олмонро бо ИМА "комилан номуносиб" номид. Вай таъкид кард, ки "сохтмони “Маҷрои шоимол – 2” кори сирф аврупоӣ аст, он тамоми иҷозатномаҳои заруриро дорад ва аз ин рӯ бояд ба зудӣ ба анҷом расад".

Сиёсати хориҷии Амрико дар даҳсолаҳои охир, ки дар замони президентии Доналд Трамп каме сарфи назар шуду демократҳо мехоҳанд онро эҳё кунанд, аксар вақт ҳамчун ҷаҳонигароист. Он ду ҷузъи калидӣ ва ба андозаи баробар муҳим - институтсионалӣ ва идеологиро дар бар мегирад. Дар бахши идеология маҷмӯи ғояҳои аз ҳама пешрафта - аз қабили “ЛГБТ” то зарурати даст кашидан аз истеъмоли гӯшт бо сабабҳои экологӣ мебошад. Ин таълимот торафт ифротитар мешаванд ва таъқиби онҳое, ки бо "таълимоти ягонаи ҳақиқӣ" ихтилоф доранд, торафт шадидтар мешавад.

Қисми институтсионалӣ инчунин ба омма маълум аст ва низоми ташкилотҳои байналмилалӣ, санадҳо ва расмиётро дар бар мегирад. Фикри маъмул вуҷуд дорад (ва ин беасос нест), ки ба ин васила Иёлоти Муттаҳида ҳукмронии худро дар тӯли солҳои зиёд мустаҳкам кард, то қоидаҳои мусоиди бозиро дар ҷаҳон таҳмил кунад ва роҳбарии глобалии худро ба таври доимӣ таъмин созад.

Аммо баъдан маълум шуд, ки чизе хато рафтааст, шумораи зиёди кишварҳо бозӣ ва ғолибиятро дар системае омӯхтанд, ки маълум аст барои онҳо беадолатона мебошад. Русия ва татбиқи бомуваффақияти қоидаҳои СУС ба манфиати худ, намунаи равшанест. Ин чизест, ки Доналд Трамп дар тӯли чаҳор сол такрор кард ва бидуни тардид давлатро аз паймонҳо ва созмонҳои сершумор берун кашид: дарвоқеъ, онҳо ба Амрико он қадар фоидаовар нестанд, ки пештар фикр мекарданд. Тахмин кардан душвор нест, ки чанд шарики имтиёзноки Иёлоти Муттаҳида, ки яке аз онҳо Олмон мебошад, имтиёзҳои махсус доранд - ва тавре ки аллакай маълум шуд, онҳо чӣ гуна истифода бурдани онҳоро хуб медонанд.

Ин аст, ки Берлин Трампро хуш надошт, чун нақшаи муқарраршудаи барқарорсозии тадриҷии соҳибихтиёрии Олмон ва истифодаи Амрикоро ба манфиати худ халалдор кард. Аз ин рӯ мақомоти Олмон,  Байденро бо хушнудӣ ҳамчун президенти нави Иёлоти Муттаҳида қабул карданд: ин баргардонидани як формати нисбатан бароҳат барои олмониҳо мебошад, ки дар он суханрониҳои таблиғотӣ ва лоббигароии паси парда комилан ба ҳам мувофиқанд.

Ин аст он чизе ки бо “Маҷрои Шимол – 2” рӯй медиҳад. Дар моҳҳои охир чораҳо андешида шуданд, то сохтмони лӯла то ҳадди имкон аз фишори таҳримоти хориҷа эмин бошад. Соҳибони ҳамон "Фортуна" иваз карда шуданд. Парлумони Мекленбург  барои дастгирии фаъолияти  лоиҳа фонд таъсис додааст.

Чизи аз ҳама ҷолиб он аст, ки мақомоти Олмон бо ёрии ин сохтор саъй доранд, ки ду паррандаро бо як санг кушанд: илова бар дастгирии худи сохтмон, онҳо маъракаи иттилоотию идеологии онро низ таъмин мекунанд, зеро созмони нав Фонди ҳифзи иқлим ва муҳити зисти Мекленбург ном дорад ва ҳадафи он мусоидат ба "расидан ба ҳадафҳои иқлимии Олмон" арзёбӣ шудааст. Ҳамин тариқ, рӯзномаи экологӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, зеро маҳз ҷонибдорони рушди сабз фаъолона чун пешоҳангҳо алайҳи “Маҷрои шимол – 2 “ истифода мешаванд.

Тими Ҷо Байден худро дар вазъияти хеле душвор қарор дод. Онҳо наметавонанд - тавре ки Трамп карда буд – ошкоро дар маҳзари тамоми ҷаҳон  бо шарики стратегӣ ҷанҷол бардоранду бо қабули чораҳои шадид алайҳи ӯ оғоз кунанд. Ин ба директиваҳои барқарорсозии ваҳдати Ғарб, ки бо он демократҳо ба қудрат бармегарданд, мухолифат мекунад. Гузашта аз ин, дар маҷмӯъ, Берлин ба Вашингтон вафои садоқатмандона ва иттифоқи амиқи идеологиро нишон медиҳад, ки онро вокуниши якҷояю ҳамзамони онҳо аз  боздошти Алексей Навалний дар Русия бори дигар нишон дод.

Усулҳои муқаррарии кор тавассути ҷамъомадҳои пасипардаӣ метавонанд моҳҳо тӯл мекашанд: олмониҳо ҳунармандони олие дар ташкили кашолакорӣ ва бюрократии байналмилалӣ мебошанд. То он вақт, “Маҷрои шимол – 2”  ба итмом мерасад ва барои амрикоиҳо дер хоҳад шуд, ки муштҳояшонро ба ҳам зананд.

Дар натиҷа, маъмурияти нав аз рӯзҳои аввали раёсати Ҷо Байден маҷбур мешавад, ки дар кори худ байни тропизми катъиян ғайри қобили қабул, вале аз нигоҳи идеологӣ дурусту  глобализми либералии бесамар интихоб кунад.

Аммо, Олмон мушкилоти худро дорад. Дирӯз Газпром аз хавфҳо барои лӯлаи “Маҷрои шимол – 2”  бинобар фишори сиёсӣ ҳушдор дод, ки метавонад боиси боздошт ё ҳатто бекор шудани лоиҳа гардад. Ин ҳушдор аст - пеш аз ҳама ба Берлин, ки дар ҷустуҷӯи истиқлолият ва таҳкими геополитикӣ корти зиддирусиягии Навалнийро ба бозӣ дароварда,  бори дигар фаромӯш кард, ки Русия ба ин чиз то чӣ андоза дардовар посух дода метавонад.

14