Марги боз як афсари тоҷик: подполковиник Мӯминҷон Раҳимзода даргузашт

Обуна шудан
Мӯминҷон Раҳмизода, подполковники милитсия ва сардори Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Панҷакент аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Манобеъ аз мақомоти милитсия бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Раҳимзода дар бемористони сироятии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд табобат мегирифт, аммо аз коми беморие, ки ба ӯ дарафтод раҳо ёфта натавонист ва аз ин дунёи фонӣ реҳлат кард.

“Ӯ ҳамагӣ 36 сол дошт, вале дар кори пешакардаи худ рағбати зиёд дошт. Сатҳи одобу ахлоқаш низ хеле баланд буд ва ҳамеша бо ҳамкорон бо самимият муносибат мекард”, - гуфт манбаъ.

Ин манбаъ дар бораи бемории Раҳмизода изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, эҳтимол марҳум аз хуруҷи “бемории сироятӣ” даргузашт, зеро дар бемористони сироятии Хуҷанд, ҳоло беморон барои гирифтори ин навъ беморӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Мӯминҷон Раҳмизода, 13-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, ахиран дар мақомоти милитсия ба вазифаи сардори Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Панҷакент таъин карда шуд.

Абдуваҳҳоб Искандаров, собиқ сардори милиса дар Кӯлоб ва ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти боз як генерал - собиқ сардори милисаи Кӯлобу Бадахшон, баъди бародараш

Баъзе аз дӯстонаш бо нашри хабари даргузашти Раҳимзода, дар ҳаққи марҳум дуои хайр карда, барои пайвандонаш изҳори тасаллият арз намудаанд.

 Даргузашти подполковник Раҳимзода, дар ҳолест, ки ахиран аз мусибати ҷуброннопазири фавти ду бародар собиқ кормандони мақомоти милитсия дар оилаи Искандарзодаҳо дар вилояти Хатлон иттилоъ дода мешуд.

Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори пешини Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бародараш, Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб дар тули ду ҳафтаи охир ҷон ба ҷонофарин супориданд.

 Пештар аз даргузашти ин ду бародар, собиқ кормандони мақомоти милитсия, Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон айни даврони бознишастагӣ даъвати ҳақ пайвастанд.

Лентаи хабарҳо
0