Нашри китоби нави Раҳимзода ва тавсифи Хайрандеш аз он

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашриёти "Эр-Граф" котиби тозаи вазири умури дихилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Нашриёти “Эр-Граф” китоби нави ашъори шоир Ниҳониро, ки тахаллуси вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аст, бо номи "Асрори  инсонӣ" ба нашр расонид, хабар додааст Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Вазир маошашро барои мубориза бо COVID-19 доду гуфт, имрӯз бояд дар канори мардум бошем

Китоби  мазкур суруду  таронаҳои  тозаэҷоди  шоир  Ниҳониро  дар  бар гирифтааст, ки  ҳамзамон  ба  забони  чинӣ низ  тарҷума  гардидаанд.

Китоби мазкурро хонандагон  метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Китоб бо сарсухани узви   Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, шоири маъруф Хайрандеш чоп шудааст.

“Шоир  Ниҳонӣ  дар  арсаи  адабиёти  муосири  тоҷик  яке  аз адибонест,    ки  бо  нигоштаҳои  ватандӯстонаи  худ  ободӣ  ва  пешрафту шукуфоии  Тоҷикистони  соҳибистиқлолро   бо  ҷаззобияти  махсус  васф  мекунад", - навиштааст Хайрандеш.

Номаи сипоси сафири Куриё ба Рамазон Раҳимзода: барои наҷоти сайёҳ-акс

 Шоир  дар  ашъораш  таърих,  фарҳанг  ва сиёсати  пешгирифтаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   аз  даврони  соҳибистиқлол  гаштани мамлакат  то  имрӯз  вобаста  ба  ҳар  як  санаҳои  муҳими  сиёсӣ  сари вақт  ва  таъсирбахшу  нишонрас   ифода    кардааст.

Пештар Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон, ки чигуна дар ин мақоми серташвишу пурмасъулият фурсат барои эҷоди шеъру шоирӣ меёбад, посух дод, ки асосан шабона ба эҷодиёт машғул мешавад.

“Баъди соати 8-9 ҳар чизе лозим бошад менависам, пешниҳод мекунам”, - изҳор дошт Раҳимзода ва таъкид намуд, ки он ба фаъолияти корияш вобастагӣ надорад.  

Вазир - шоир: генерал Раҳимзода фурсати шеърнависияшро гуфт - навор

Ин дар ҳолест, ки қаблан театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ достони "Дили модар"-и шоир Ниҳониро ба саҳна гузошта буд. Ин достон аз саргузашти як ҷавони тоҷик, ки ба гурӯҳи ифротӣ пайваста, дар охир модари худро ба қатл мерасонад, нақл мекунад.

Инчунин пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев шеъри "Эҳёи дӯстӣ"-и Ниҳониро оҳанг баст.

Ин шеъри вазири умури дохилии Тоҷикистон ба барқарор шудани муносибатҳои хуби Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида шуда, пас аз сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи март ба Тоҷикистон расонаӣ гашт ва онро Афзалшо Шодиев ҳангоми сафари ҳунарӣ ба кишвари ҳамсоя иҷро кард.

Лентаи хабарҳо
0