Картошка арзон мешавад? дар Суғд ба ҷамъоварии ҳосили нав сар карданд

CC0 / pxhere / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзӣ гуфт, бо Фонди Оқохон беш аз 500 тонна тухми картошка ворид кард
Тибқи иттилоъи манбаъ, кишоварзон баҳри саҳм гузоштан  дар фаровонии бозори дохилӣ ва арзон гаштани нархи аслии маҳсулот дар моҳҳои январ ва феврал дар 1300 га замини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан мусоиди вилоят, чун Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, Исфара ва Ашт картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот  ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0