Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фавти модару кӯдак ҳангоми таваллуд: падар аз беаҳамиятӣ мегӯяду табибон аз "илтиҳоби шуш"

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алишери Тошпӯлод, шавҳари Бахтинисо Ҳошимзода, бо як ҷаҳон орзӯ ҳамсарашро ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент бурд, аммо он ҷо бо фоҷиаи бузурге дучор шуш. Кӯдаки ҳанӯз ба дунё наомаадаш дар вақти ҷарроҳӣ фавтиду ҳамсари ҳаётиаш баъди таваллудкунӣ

ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Ин сокини шаҳри Панҷакент иддао дорад, ки ба маҳзи беаҳамиятии табибон тифл ва ҳамсари 21 - солаашро дар вақти таваллудкунӣ аз даст додааст. Аммо масъулини бемористони шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳама талошашон барои наҷоти тифлу модар аз коми марг бенатиҷа анҷомид.

Тошпӯлод, дар шумораи ҳафтаномаи "Фараж" бо нашри як матлаб мусибати дар рӯзгораш омадаро иброз намуда, чи гуна бо ҷисми беҷон ба дунё омадани тифл ва баъд аз як моҳи он ҳам аз даргузашти ҳамсараш дар бемористонро шарҳ додааст.

Ӯ барои қарор гирифтан дар рӯ ба рӯи ин мусибат аз баъзе кормандони таваллудхонаи шаҳри Панҷакент изҳори нигаронӣ кардааст.

Фоҷиае, ки вуқуъяшро на Тошпӯлод ва на табибон интизор доштанд

"Рӯзи 9-уми апрели соли равон бо ҳазор орзую умед ҳамсари 21-солаам Ҳошимзода Бахтиниссоро ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент бурдам. Бояд бигӯям, ки ҳамсарам то ба таваллудхона омадан давраи ҳомиладориро хеле хуб гузаронида буд. Тифл дар батни модар ягон мушкил надошт. Он рӯз ҳам ҳамаи ташхисҳои лозимаро анҷом доданд ва дар модару тифл ягон камбудӣ ошкор нашуд. Фишори хунашро санҷида, тахминан соати дуи шаб ҳамсарамро ба таваллудхона қабул карданд. Чун саҳари рӯзи дигар ба таваллудхона омадем, яке аз ҳамшираҳои шафқат ба наздамон омад ва гуфт, ки вазъи саломатии бемор камтар вазнин, ёрдамчӣ лозим аст, ки ӯро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ гузаронем. Ин вақт ҳам мо аз табибон илтимос кардем, ки кӯдакро тариқи ҷарроҳӣ бигиранд ва тайёр будем, ки баёнот ҳам бидиҳем, аммо ба гапамон гӯш накарданд. Баъдан он чӣ ба сарамон омад, ки аз он метарсидем. Ҳангоми таваллуд, пас аз як қисми сари бача, ҳамсарам аз ҳуш меравад. Дарҳол ҷарроҳӣ карданд, аммо тифлро зинда гирифта натавонистанд ва бо ин амалашон ба бачадони бемор зарар расониданд. Ҷисми беҷони тифлро, ки бо умед таваллудашро интизор будем, бароварда ба мо доданд", -  гуфтааст Тошпӯлод.

Муаллифи матлаби ҳафтанома, иброз намудааст, ки дар вақти анҷом додани ҷарроҳӣ (бурриши қайсарӣ) дар бачадони ҳамсараш хунрезӣ ба вуҷуд омада ва боиси ваҳим шудани саломатии бемор гардидааст.

Младенец на руках у матери - Sputnik Тоҷикистон
Аз хар афтоду даргузашт: чаро модарони тоҷик ҳангоми таваллуд мемиранд?

Дар пайи ин ҳолат табибони шаҳри Панҷакент мутахассисони соҳаро аз Хуҷанд даъват карда аз нав ҷарроҳӣ гузаронидаанд, вале барои аз панҷаи марг раҳо додани Бахтинисо комёб нашудаанд.

"Вақте ки ҳолати саломатии ҳамсарам ваҳимтар гардид, табибони шӯъбаи урологиро даъват карданд. Онҳо пас аз ташхиси рентгенӣ муайян карданд, ки найчаи пешобгузари бемор ҳангоми ҷарроҳӣ сӯрох карда шудааст ва ҳамин тавр, давоми зиёда аз 20 рӯз як қисми пешоб ба даруни бадани бемор ҷамъ шуда, ҳамаи узвҳои даруниро заҳролуд кардааст. Дар натиҷа, пас аз 3 рӯзи бистарӣ дар шуъбаи урологӣ, бо хунукназарӣ ва айби табибони беинсофи таваллудхонаи шаҳри Панҷакент ҳамсари ҷавонмаргам Ҳошимзода Бахтиниссо вафот кард", - нигоштааст сокини шаҳри Панҷакент.

"Илтиҳоби шуш"  - и сархӯр

Аммо Раъно Абдуллоева, муовини сартабиби Бемористони марказии шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иллати ҷон бохтани ҳамсари Тошпӯлодро аз хуруҷи бемории "илтиҳоби шуш" шарҳ дод.

Чӣ қадар занони тоҷик таваллуд дар хона бар таваллудхонаро авлотар медонанд?

Ӯ гуфт, дар рӯзҳое, ки Бахтиниссо дар бемористон амалиёти ҷарроҳиро паси сар мекард, "илтиҳоби шуш" ба ӯ сироят карда, боиси ваҳим шудани вазъи саломатиаш гардидааст.

"Барои барқарор кардани роҳи шошадон мо ӯро ба шӯъбаи урология интиқол додем. Дар вақти амалиёт найчаи пешоброн, ки қаблан сурох шуда буд, аз нав барқарор карда шуд ва аз ин ҷиҳат бемор худро хуб ҳис мекард. Аммо бо гузашти ду се рӯз, ҳолати бемор якбора вазнин шуд. Ташхиси рейтгенӣ муайян намуд, ки бемор ба "илтиҳоби дутарафаи шуш" гирифтор шудааст. Имунитеташ паст шуда буд, ба ин беморӣ то охир мубориза бурда натавонист ва мутаасифона рӯзи 9 - уми Бахтиниссо аз дунё даргузашт", - иброз намуд Абдуллоева.

Муовини сартабиби шаҳри Панҷакент дар бораи роҳандозӣ кардани бурриши қайсарӣ дар вақти таваллуди занҳоро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ин усули кор шартҳои худро дорад ва бидуни ҳеҷ асос ҷорӣ кардани он ғайримкон нест, зеро дар акси ҳол ин шеваи кор ба саломатии аксар модарон таъсири манфӣ мегузорад.

Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон

"Таваллудкунӣ кори осон нест. Бисёриҳо хоҳиш мекунанд, ки дар вақти таваллудкунии пайвандонашон амалиёти бурриши қайсарӣ гузаронида шавад, аммо фикр намекунанд, ки он паёмадҳои манфӣ дар пай дошта метавонад. Мо кӯшиш мекунем, ки занҳо худашон таваллуд кунанд ва саломатиашон то валодати баъдӣ ҳифз шавад. Агар таваллуд карда натавонанд баъд мо бурриши қайсарӣ мегузаронем. Барои Бахтиниссо ҳам мо ҷиҳатро дар назар доштем, ки бигзор худаш таваллуд кунад ва ба саломатиаш осеб нарасад. Кадом духтур шифоёбии беморашро намехоҳад? Аммо ғайриинтизориӣкор ба нокомӣ анҷомид", - гуфт табиб Абдуллоева.

Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба дунболи афзоиши ҳолатҳои маргумири модару кӯдак, чанд сол муқаддам руйхати ягонаи электронии (реестр) занони ҳомила дар қаламрави ин вилоятро ташкил намуда буд.

Дар таваллудхонаи Понғоз аз беморон 50-сомонӣ ҷамъ мекунанд

Он замон гуфта мешуд, ки ин кор имкон хоҳад дод, то вазъи сиҳатии занони ҳомила таҳти муроқибати доимии духтурон қарор гирифта ва дар вақти лозим ҳар кадоме аз онҳо бо даво ва маводи тиббӣ таъмин карда гарданд.

Раёсати тандурустии Суғд ахиран дар як ҷаласа, аз сабти беш аз даҳ ҳолати маргумири модару кӯдакон дар таваллудхонаҳо дар зарфи шаш моҳи соли гузаштаро шарҳ дода, иттилоъ дода буд, ки бештар аз 60 фисади модарон аз иллати бемориҳои ғайригинеталӣ ба мисли бемориҳои сил, дилу гурда, саратон ва ҷоғар дар тавалудхонаҳо фатидаанд.

Аммо бо ин вуҷуд масъулони зоишгоҳҳо дар кишвар то ҳол аз норасоии таҷҳизотҳо аз қабили нафасрасонҳо (шуши сунъӣ) ба навзодон таъкид меварзанд.

Бар пояи омори расмӣ солона дар зоишгоҳҳои вилояти Суғд кам ё бештар аз 10 ҳазор таваллуди кӯдак ба қайд гирифта мешавад. Аз ин шумор то 250 навзод ба далели милоди бармаҳал мефавтанд. Коршиносони умури беҳдоштӣ риояи тарзи ҳаёти солимро як омили муҳим дар роҳи ҳифзи саломатии модарону кӯдакон арзёбӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0