Альпинисты во время восхождения

Маълум шуд, ки коронавирус ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон чӣ қадар зарар расонидааст

266
(Таҷдидшуда 11:05 07.06.2020)
Таътилии бахши гардишгарии Тоҷикистон дар паи паҳншавии вируси корона муҷиби бекор шудани чаҳор ҳазор нафар ва хисоратҳои сангини молӣ ба иқтисоди кишвар шудааст

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, акнун ба далели паҳнёфтани коронавирус беш аз чаҳор ҳазор корманди 180 ширкати Хадамоти гардишгарии Тоҷикистон бекор шудаанд ва мушаххас нест, ки фаолияти ин марокиз кай аз сар гирифта мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон дар соли  2019 беш аз 600 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба ин кишвар сафар карда буданд, ки агар ҳар як аз онон дар муддати ҳузури хеш дар Тоҷикистон 100 доллар ҳазина карда бошанд маблағи 60 миллион доллар ба будҷети ҳукумат ворид шудааст.

Ҳатто дар айёми Наврӯзи имсол ва қабл аз эъломи таътилии бахши гардишгарии Тоҷикистон ба далели густариши коронавирус беш аз 60 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба ин кишвар сафар карда буданд.

Бо ин ҳол мақомоти Кумитаи давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо шарикони хориҷии хеш дар ҳоли музокира барои таҳияи барномаҳои ҳамкорӣ ба манзури ҷазби гардишгарони хориҷӣ дар даврони пас аз поёни буҳрони коронавирус мебошанд.

266
Барчаспҳо:
иқтисод, вирус, зарар, гардишгарӣ, сайёҳӣ, Тоҷикистон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

291
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

291

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

132
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

132