Деятельность рабочих групп по информированию населения о коронавируса в Душанбе

Аз кӯдакони хурдсол то пиронсолон бе ниқоб: амалиёти милисаҳои Душанбе - Видео

262
(Таҷдидшуда 14:16 07.06.2020)
Милисаҳои Душанбе зимни як амалиёт дар дӯкону ҷойҳои ҷамъиятӣ даҳҳо ҳолатҳои бидуни ниқоб гашту гузор намудани ҳам кӯдакон ва ҳам пиронсолонро ошкор намуданд. Ҳолатҳое низ буданд, ки волидон дар кӯчаҳо кӯдаконашонро бе воситаҳои муҳофизатӣ мебурданд

 ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус пӯшидани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ эълон кардааст. Ҳамчунин пас аз ошкори ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар, бе зарурат ба кӯча баромадан тавсия дода намешавад. Аз пиронсолон хоҳиш карда мешавад, ки манзилҳояшонро тарк накунанд.

Аммо тавре Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе дар наворе гузориш додааст, милисаҳои пойтахт зимни амалиёти "Наврас" чанд ҳолати риоя нашудани тавсияҳои ситоди ҷумҳуриявиро ошкор кардаанд.

Дар навор дида мешавад, ки хурдсолон гурӯҳ-гурӯҳ бидуни ниқобҳои тиббӣ ва ҳатто пиронсолон бе воситаҳои муҳофизатӣ аз коронавирус дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд. Гурӯҳи корие, ки чанде пеш дар Душанбе ташкил шуда буд, байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Онҳо ба дӯкону фурӯшгоҳҳо рафта, амалиётҳои профилактикиву корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.

"Танҳо дар як рӯз зимни гузаронидани амалиёти шартии "Наврас" 93 ҳолати бениқоби тиббӣ гашту гузор намудани нобилоғон ошкор шуда, барои оворагардӣ ҳашт нафари онҳо ба қабулгоҳ таҳлилгоҳи ноболиғон дастрас шуданд", - таъкид мекунад раёсат.

"Кӯдакон метавонанд интиқолдиҳандаи беморӣ аз кӯча ба хона гардида, дигар аъзоёни хонаводаҳояшонро сироят кунанд", - афзудааст РВКД Душанбе.

Гурӯҳи корӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки волидон низ беаҳамиятӣ зоҳир намуда, кӯдаконашонро ба кӯча баровардаанд.

Ёдрас мешавем, Тоҷикистон нахуст аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дод. Феълан ин шумора ба 4453 нафар расидааст. Ҳолати фавт 48 нафар ва шифоёбӣ 2583 кас гуфта мешавад.

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Ҳарчанд дар кишвар карантина эълон нашудааст, пайваста тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон безарурат ба кӯча набароянд ва қоидаҳои беҳдоштро қатъият риоя кунанд.

262
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронда шуд

58
(Таҷдидшуда 17:14 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бадтар шудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Ахиран шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

58

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

13
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сарҳади Русия ҷамъ омада буданд, берун карда шуданд, аммо мақомоти минтақа барои пешгирии такрори ин ҳолат чораҳо меандешанд

 

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Дар маҷмӯъ, то 7 август беш аз ду ҳазор шаҳрванди Узбакистон ва инчунин тақрибан сад шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Русия ва аз вилояти Самара хориҷ карда шуданд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара Олга Галтсова хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бурдани шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси марҳилаҳо сурат гирифта, мувофиқи омадани онҳо ба сарҳади Русия амалӣ карда шуд.

Номбурда гуфт, барои онҳое, ки меомаданд, лагери хаймаҳо бо тамоми шароити зарурӣ ташкил карда шуда буд.

Ба гуфти ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳавопаймо рӯзи 28 июл аз Қазон интиқол доданд ва охирин гурӯҳи муҳоҷирони ӯзбекро 7 август ба кишварашон сафарбар кардаанд.

Аммо эҳтимолияти он, ки муҳоҷирон ба доми қаллобон афтода, дубора ба сарҳади Русия биёянд, боқӣ мемонад, афзудааст Олга Галтсова.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

"Бо мақсади пешгирии ҷамъшавии минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Болшечерниговски вилояти Самара ва инчунин ҷилавгирӣ аз кӯшиши воридшавии онҳо ба қаламрави вилояти Оренбург, постгоҳи назоратӣ таъсис дода шуд", гуфтааст манбаъ.

13
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, муҳоҷирон, марз, Самара, Русия