Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент

3723
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои фармонҳо дар мақомҳои роҳбарии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъйиноти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳур, Аҳмадзода Музаффар Раҷаб аз вазифаи муовини директори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигар Аҳмадзодаро муовини якуми сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъйин намуд.

Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ, ки ноиби аввали сардори Ожонси зидди фасод буд, барканор гардида, бо фармони дигар ба мақоми муовини сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин шуд.

Фармонҳо дар бораи ҷойивазкунии Аҳмадзода ва Саидшозода ҳанӯз нимаи моҳи май имзо гардида, тоз дастраси расонаҳо шуданд.  Аҳмадзодаи 54-сола ва Саидшозодаи 46-сола солҳо дар сохтори Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолият доранд.

3723
Барчаспҳо:
Агентии зидди фасоди Тоҷикистон, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

1
(Таҷдидшуда 19:25 13.08.2020)
Ҳукумати Русия мавзӯъи сабукиҳои эҳтимолии навбатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тамдиди патентро баррасӣ хоҳад кард

Душанбе, 13 август - Sputnik. Дар ҷаласаи раисони Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди патенти муҳоҷирини корӣ ва таҷдиди парвозҳо гуфтугӯ карданд.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

Дар брифинги матбуотие, ки пас аз ин ҷаласа баргузор шуд, муовини нахуствазири Русия дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон гуфт, дар тӯли пандемияи “вируси корона” дар Русия барои муҳоҷирин пардохти ҳаққи патент лағв шуд.

"Муҳлати аввали лағв то 15 июн таъйин шуда буд, аммо пандемия поён наёфт, аз ин хотир, тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад. Ҳоло ин мавзуъ баррасӣ мешавад, ки ин муҳлат пас аз 15 сентябр низ дигарбора тамдид шавад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст", - гуфт Алексей Оверчук.

Дар мавриди таҷдиди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия мавсуф гуфт, талоши кишвараш бар ин аст, ки парвозҳои муназзам бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро, тавре ки то замони пандемия буд, ба роҳ монад.

"Мо қабл аз ҳама вазъи сироятии кишварҳоро меомӯзем. Ҳоло мо бо се кишвар – Бритония, Туркия ва Танзания парвозҳоро барқарор кардем. Аз 15 август қарор аст парвозҳо ба Шветсария аз сар гирифта шаванд. Мебинем, ки дар Тоҷикистон низ раванди мусбате ҷараён дорад. Ҳоло талош мекунем, ки бо ин кишвар низ бо пеш омадани имкон парвозҳоро ба роҳ монем", - гуфт Алексей Оверчук.

Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи март ба ин сӯ қатъ шудаанд. Дар ин миён Русия 23 парвозро ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон анҷом додааст. Тоҷикистон низ ҳамарӯза ду парвози чартериро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад.

1
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

52
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

52
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот