Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Мулоқоти Абдуллозода бо мутахассисони Полша: як моҳ ба табибони тоҷик кумак мерасонанд

347
(Таҷдидшуда 14:41 08.06.2020)
Ҳайати табибоне, ки аз Полша вориди Тоҷикистон шуданд, давоми як моҳ дар беморхонаву муаасисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣимрӯз, 8 - уми июн  бо гурӯҳи калони табибони Полша, ки шоми 6 июн ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, вохурӣ намуд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.

Коронавирус: се намояндани СУТ ва пизишкон аз Полша вориди Тоҷикистон шуданд

Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ як гурӯҳи 14 - нафараи табибони Чин ба Тоҷикистн ташриф оварда буданд ва бо пизишкони тоҷик дар мубориза бо маризии коронавирус кӯмак менамуданд.

347
Барчаспҳо:
Полша, табибон, вазир, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

615
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

615

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

156
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

156