Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб

Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

2580
Абдуқодир Вализода аз мақоми раиси шаҳри Турсунзода барканор шуда, ба ҷои Баҳром Иноятзодаи боздоштшуда, раиси шаҳри Кӯлоб таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Вализода 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, аз моҳи феврали 2018 то ҳол раиси шаҳри Турсунзода буд.

Ӯ солҳои  2006-2010, муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 2010-2013 раиси ноҳияи Ховалинг, солҳои 2013-2018 раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз феврали соли 2018 раиси шаҳри Турсунзода буда, тоза ба мақоми раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд.

Тибқи ҳолномаи расмӣ, Вализода соли 1983 Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, ихтисосаш муҳандиси хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ мебошад. Солҳои 1995-2000 корманди Комбинати орди ноҳияи Колхозобод ва солҳои 2000-2002 муовини аввали директори генералии иттиҳодияи "Ғалла"-и вилояти Хатлон буд.

Вализода имрӯз дар мақоми раиси Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро иваз намуд, ки ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти  миллии Тоҷикистон бо гуноҳи даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир шуд.

"Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Баҳром Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд",- омадааст дар иттилоияи КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Хурсандалӣ ва Қурбонов Фирӯз нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳр содир намудаанд.

"Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд",- мегӯяд манбаъ.

Назари ҷониби айбдоршавандаҳо феълан дар бораи ин қазия маълум нест.

2580
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, боздошт, Тоҷикистон
Работа инвестиционной компании, архивное фото

Рушди иқтисод коҳиш ёфт: коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсир расонд

3
(Таҷдидшуда 16:02 03.08.2020)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ кам аст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум нишон дод, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ бетаъсир намонд.

 “Дар шаш моҳи якуми соли 2020 хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 миллиард сомонӣ коҳиш ёфт”, - афзуд Завқизода.

Вазири иқтисод зикр кард, ки дар ин давра хизматрасонии пулакӣ, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3 фоиз, тарабхонаҳо 17,3 фоиз, мусофиркашонӣ 8,7 фоиз, аз ҷумла бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8 фоиз ва роҳи оҳан 21,4 фоиз, гардиши савдо 5,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз, аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26 фоиз, воридот 4 фоиз ва боркашонӣ 3,3 фоиз, бахусус бо нақлиёти ҳавоӣ 38 фоиз коҳиш ёфтанд.

Завқӣ Завқизода, илова кард, ки нархи ҷаҳонии пахта ба санаи 27 июли соли равон нисбат ба аввали сол 197 доллар ва алюминий 104 доллар паст шуд, ки ин ба ҳаҷми содирот бетаъсир намемонад.

Инчунин вай қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридот аз давлатҳои ҳамшарики асосии тиҷоратӣ, ба монанди Чин 18,3 фоиз, Туркия 22,2 фоиз, Япония 43 фоиз, Украина 52,3 фоиз, Эрон 11,7 фоиз кам гардид, ки сохтори онро таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои саноати коркард, мошинолот ва дигар маҳсулоти зарурӣ ташкил медиҳад.

“Ҳарчанд ки пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мешавад, вале бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии COVID-19 силсилаи тадбирҳо роҳандозӣ гардида истодаанд”, - гуфт вазири иқтисод.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода, афзуд, ки оид ба пешгирӣ ва кам намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ аз 19 марти соли 2020 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

3
Барчаспҳо:
маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушд, миллӣ, иқтисод, вирус, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

22
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

22
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен