День 9 июня

Ҷашнҳои рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

97
(Таҷдидшуда 22:50 08.06.2020)
Рӯзи нуҳуми июн дар Тоҷикистон аз Рӯзи кормандони саноати сабук ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстон ва бойгонӣ ба ҳисоб меравад

Рӯзи 9 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонуне қабул гардид, ки тибқи он нисбат ба шахсони аз сарҳад фироркунанда ҳукми қатл татбиқ мегардид.

Соли 1956 дар заминҷунбие, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ омад, зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1978 китоби Библияи Гутенбег дар музояда ба маблағи 2,4 миллион доллар фурӯхта шуд.

Соли 1994 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки пойтахти ин кишвар аз Алма-Ато ба Акмолу (Селиноград) кӯчонида шавад.

 

© Sputnik / Валерий Мельников
Нурсултан Назарбаев

 

Соли 1994 Шӯрои амнияти СММ қувваҳои сулҳҷӯёнаи худро ба Ҷумҳурии Раунда равон кард.

Соли 1863 дар Ванкувер бузургтарин ҷанги аскарони савора дар ҷанги шаҳрвандии ИМА баргузор гардид.

Соли 1908 аввалин маротиба ҳолати дар ҳаво наҷот додани одаме, ки парашюташ кушода нашудааст, ба қайд гирифта шуд.

Рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 мусобиқаи  футбол байни дастаҳои "Хайр" (Ваҳдат) ва "Вахш" (Кӯрғонтеппа) дар дақиқаи 55-ум бо сабаби боридани борони пуршиддат ва жола боздошта шуд. Аз сабаби он, ки дар он вақт майдонро жола пӯшонида буд, довари майдон Диловаршоҳ Орзуев бозиро боздошт. Ҳисоби бозӣ то он вақт кушода нашуда буд.

День 8 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шахси президенти он Рустами Эмомалӣ ва Ассотсиатсияи футболи Япония (АФЯ) дар шахси муовини президенти он Козо Ташимӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикисто  Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокироти расмии ҳайати Тоҷикистон ва Австрия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти матбуотӣ доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар "Кохи Сомон"-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид  ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дар солҳои 2005-2015 баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуданд.   

Ҷашнҳои рӯзи 9 июн

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони саноати сабук.

Рӯзи байналмилалии аккредитатсия.

Рӯзи байналмилалии дӯстон.

Рўзи байналмилалии бойгонӣ.

97
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

79
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

79
Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

484
(Таҷдидшуда 20:04 05.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7625  нафар баробар гардид.

"То санаи  5 август  дар мамлакат  6399 (83,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

484
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, омор, тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон