Выздоровевшие от коронавируса больные вернулись домой

Аз гигиена то Гиёев: муаммои ақибнишинии “вируси корона” дар Тоҷикистон

1980
(Таҷдидшуда 01:46 09.06.2020)
Коҳиши гирифториву фавт ва афзоиши шифоёфтагон ақибнишинии “вируси корона” – ро аз Тоҷикистон барҷастатар мекунад, аммо муттахассисон мегӯянд, пеш аз тӯй набояд нақора зад

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik, Фахриддин Холбек. Нишонаҳои боризи “вируси корона” дар Тоҷикистон аввалҳои моҳи апрел маълум, аммо дар даҳаи сеюми он барҷаста шуд ва 30 апрел ҳукумат 15 мавриди аввалини гирифториро эълом кард. То 8 июн, замони таҳияи ин матлаб, вазорати тандурустӣ аз гирифтории 4609, фавти 48, шифои 2763 (60%) ва 1846 гузориш дод.

Арқом гувоҳанд, ки вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, хатми достони “вируси корона” дар Тоҷикистон наздик аст. Он чӣ ки барои мутахассисони тиб ғайримунтазира буда, муаммои ақибнишинии “вируси корона” аз Тоҷикистонро ба миён андохтааст.

Гармиву вазир

Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино, яке аз клиникаҳои муваффақи Тоҷикистон, аст, ки мегӯяд, гумон мекард ин маризӣ то моҳи август аз ин кишвар даст нахоҳад бардошт ва даҳҳо нафарро қурбонӣ хоҳад гирифт. Мавсуф омили аслии ақибнишинии “вируси корона”-ро тобистони гарму хушки Тоҷикистон арзёбӣ карда, афзуд, ваҷҳи дигареро намебинад.

“Ин омил ба бемориҳои дигари роҳҳои нафас, ки аз вирусҳо хуруҷ мекунанд, низ таъсир мегузорад. Баробари фарорасии гармо зуком тақрибан нест мешавад. Баъид нест, ки “вируси корона” ҳам мисли вирусҳои ангезандаи зуком аз таъсири иқлими тобистонии мо ақибнишинӣ карда бошад. Албатта, дар қатори омили худнигаҳдории мардум”, - гуфт Абдухалил Холиқзода ба Sputnik Тоҷикистон.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав, оне, ки схемаи тадовии “вируси корона” дар Тоҷикистонро ғалат арзёбӣ карда, ҳатто аз полипрагмазия – истифодаи хатои доруворӣ суҳбат кард, мегӯяд, аввалҳо хеле асабонӣ мешуд, зеро ҳамон "чак-чак"-и писандидаи мардум барои пневмония хатарнок аст ва табобати нодуруст фавти зиёдро ба бор меорад. Ба қавли ӯ, духтурони Тоҷикистон аз ҳад зиёд антибиотику иммуномодулятор истифода мекарданд, ки барои шахсони аз 60 - сола боло дар аксари маворид марговар аст.

“Ман аслан ба ин зудӣ поинравии маризиро тасаввур намекардам. Дар аввал хатогиҳо зиёд буд. Чанд рӯзи ахир тавсияҳоеро, ки ошноҳоям мефиристанд, мебинаму хуш мешавам, зеро онҳо асоснок ва хеле муфиданд. Хуб шудани вазъ аниқ аст, аммо сабабашро дақиқ намедонам. Шояд Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия дод ва ё дигар омиле дар миён аст. Намедонам то куҷо беҳбуд ёфтани вазъ аз вазири тандурустӣ вобаста аст, аммо, дақиқан баъди Ҷамолиддин Абдуллозода корҳо хуб шудаанд”, - гуфт Абдулло Давлатов.

“Латтаву хаста”

Ин ки дар Тоҷикистон якбора шиддати “вируси корона” фурӯкаш шуд, ҷои аҷобат дорад ва ҳадсу гумонзаниҳо мантиқиянд. Афғонистону Ӯзбекистон, ду ҳамсояи девор ба девори Тоҷикистон, ки ба иқлим шабеҳанд, аммо пештар вориди гирудор бо COVID-19 шуда буданд, имрӯзҳо таҷрибаи талхтареро аз сар мегузаронанд. Бахусус вазъи Афғонистон, ки аввалин гирифториро ҳанӯз 24 феврал сабт карда буд ва то 1 май чизе бештар аз як ҳазор мавриди мусбат дошт, ба вахомат мегарояд. Ҳоло ташхиси 50% тестшудагони ин кишвар мусбат аст ва теъдоди гирифторон аз марзи 20 ҳазор убур кардааст. Рӯзи гузашта Ӯзбекистон низ беш аз 230 мавриди мусбатро сабт кард.

Мутахассисони дохиливу хориҷӣ ҳарчанд қиссаи “вируси корона” дар Тоҷикистон анҷомшуда намеҳисобанд, аммо авомили зиёдеро дар боби ақибнишинии ин артиши номаръӣ пеш меоранд. Бовари бархе бар ин аст, ки чун COVID-19 дер расид, ҳукумати Тоҷикистон фурсати бештари тарҳрезии барномаҳову схемаи табобатиро дошт. Як тафсири оддӣ ҳам ин аст, ки худи вирус дар роҳ ба Тоҷикистон “хаставу латта” шуда, қудрати аввалиашро бохт.

Иддае ҳам мегӯянд, тактикаи хонадармонӣ ё роҳандозии табобати маризон на дар бемористон, балки хона натиҷаи мусбат додааст. Моҳи май дар айни ҷӯшу хурӯши “вируси корона” ин иттилоъ низ ҷой дошт, ки шифохонаҳо афроди бо ҳарорати аз 39 дараҷа поён доштаро қабул накарданд ва маслиҳат доданд, ки дар хона ба табобат машғул шаванд, зеро дар шифохонаҳо ҷой нест. Ин тадбир огоҳона буд ё аз маҷбурӣ натиҷаи мусбати худро дод.

Як фарзияи дигар, ки бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мекоранд, усули табобати ғайримаъмули Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури ноҳияи Рашт бо доруи “пенстреп”, махсуси “вируси корона” – и ҳайвоноти хонагист. Ин усул то ҳол такзиб ё таъйид нашудааст, аммо шавоҳиди зиёди шифо ёфтани маризон аз ин усул низ фаровон аст.

Омили дигар боду ҳавои аз шарри саноат дур ва меваву сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки мӯҷиби қавӣ будани масъунияти сокинон шудаанд. Баъзе ҳам аз омили моҳи шарифи Рамазон мегӯянд, ки мардумро дар хона бе банд баст ва бо риёзату гуруснагӣ равғани бадани инсонҳоро об кард. Ва ниҳоят зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба густариш ва пойдории “вируси корона” мусоидат накард. Дар бархе навоҳӣ ҳатто мавриди гирифторӣ ва фавтро ба нудрат метавон пайдо кард.

Қудрати гигиена

Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, авомили зиёде даст ба дасти ҳам дода, ҳамчунин як натиҷаро ба бор овардаанд. Вай афзуд, он чӣ аз дасти ҳукумат меомад, таътили мактабу донишгоҳҳо, бозору марокизи хурду бузурги таҷаммуъи инсонҳо буд, ки кард.

“Аммо он чӣ банда кашф кардам, ҳамоно сабру таҳаммул ва пойбандии мардуми Тоҷикистон ба қоидаҳои гигиенӣ буд. Мо ҳам хавф доштем, ки мардум “ҳар чӣ ояд, аз тақдир” гуфта, сар ба кӯчаву бозор мезананд. Омили аслии пирӯзӣ бар “вируси корона” ҳамоно се асл аст – ниқоб, фосилаи иҷтимоӣ ва шустани дастҳо. Ҳар ҷомиае, ки ин се аслро риоя кард, зуд муваффақ мешавад. Ягон қарантинаи саросарӣ, тибби пешқадамтарин, авомили табиӣ ё харҷи миллиониву миллиардӣ он натиҷаеро намедиҳанд, ки риояи қавоиди гигиенӣ медиҳанд. Ба дунё бингаред, даҳҳо далелро барои дурустии ин иддао пайдо мекунед”, - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тиб бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки дар ҳоли риоя накардани қавоиди гигиенӣ ақибнишинии “вируси корона” нафас тоза кардани ин артиши номаръӣ барои як ҳамлаи нав хоҳад буд. Ба қавли онҳо, COVID-19 мисли як соя ҳамроҳи инсонҳо мегардад ва то пайдо шудани ваксина хатари он низ аз сари инсонҳо дур нахоҳад шуд.

1980
Барчаспҳо:
коҳиш, ақибнишинӣ, мутахассисон, фавт, Тоҷикистон, вирус
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

278
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

278
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм
Каримхон Курбонов, бывший ректор Медуниверситета РТ

Даргузашти академик, собиқ ректори Донишгоҳи тиббӣ ва муовини директори “Истиқлол”

462
Академик Каримхон Курбонов, собиқ ректори Донишгоҳи тиббӣ ва муовини директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар синни 62 – солагӣ олами фониро падруд гуфт

 ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Каримхон Курбонов як ҳафтаи ахир дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” чойгир аст, бистарӣ буданд.

“Каримхон Муродович дар гузашта як маротиба ҷарроҳии дилро паси сар карда буданд. Маризие, ки сабаби бистарӣ шуданашон шуд, бронхопневмония ё илтиҳоби шуши дутарафа буд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Каримхон Қурбонов - олим, доктори илми тиб (1997), профессор (1999), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2003), академики Академияи илмҳои тибби назди вазорати тандурустии Тоҷикистон (2010) ва Академияи байнулмилалии улуми макотиби олӣ буда, 2 апрели соли 1958 таваллуд шудааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1982) – ро бо ихтисоси "кори табобатӣ" хатм карда, самти асосии фаъолияти илмиаш ҷарроҳии узвҳои системаи гепатогастробиллиарӣ ва рӯдаи ғафс буд.

Дотсент (1997-1999), профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999-2000), декани факултаи умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001-2003) буд.

Илтиҳоби шуш ё COVID -19? Ба оилаи 4 устоди фавтидаи донишгоҳи Бохтар 6000 сомонӣ дода шуд

Каримхон Қурбонов солҳои 2003 – 2005 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ҳамзамон мудирии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро бар уҳда дошт.

Солҳои ахир муовини директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар умури илм буд.

Бино ба иттилои наздикон, муаллифи беш аз 700 кори илмӣ, аз ҷумла 15 монография, 4 китоби дарсӣ, 20 тавсияи методӣ, 150 пешниҳоди навоварона буда, беш аз 60 патент дорад ва таҳти раҳбарии ӯ 47 номзад ва 7 доктор рисола ҳимоят кардаанд.

462