Knife

Шикояти келинчак аз шавҳар: дар ҳолати мастӣ бо корд дар қафаси синаам зад

361
(Таҷдидшуда 10:59 09.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола хабар доданд, ки дар ҳолати мастӣ ба сӯи ҳамсари 18-солаи худ кордкашӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар пойтахти кишвар ҷавони 21-сола барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш боздошт шудааст.

Гуфта шудааст, ки ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми июни соли равон, шавҳараш ҷавони 21-солаи сокини ҳамон ҷо дар ҳолати масти қарор дошт аз ҳиссиёти авбошиаш бо у муноқиша карда бо корди ошхонаги дар қафаси синааш задааст.

Хостам тарсонам: боздошти Пулодов барои кордкашӣ ба сӯи додараш

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар натиҷа ҷавонзани 18-сола ҷароҳати вазнин ба саломатиаш бардошта дар беморхона бистари гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома доранд.

361
Барчаспҳо:
зан, ҳамсар, кордкашӣ, мастӣ, ҷавон, боздошт, Тоҷикистон
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

6
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

6
Пожилая женщина звонит по телефону, архивное фото

Ташкили бюрои ёрии ҳуқуқӣ дар 34 шаҳру навоҳии Тоҷикистон

16
(Таҷдидшуда 15:19 13.07.2020)
Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дар Тоҷикистон 37 бюро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз тарафи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 37 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 39 ҳуқуқшинос фаъолият доранд. 

Дар шаш моҳи  соли 2020 ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба 3 ҳазору 916 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин миқдор 2 264 зан, 1 651 мард ва 146 маъюб мебошанд, хабар додаст "Ховар" аз нишасти матбуотии Вазорати аддлия.

Манбаъ афзуд, дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зўроварӣ дар оила гузаронида шуданд, ки дар онҳо  1 231 шаҳрванд иштирок кард.

Ҳамзамон  машваратчиёни ҳуқуқии муассиса ба 538 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона сохтанд.

Таъкид шудааст, ки тайи 6 моҳ ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса  898 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 892 мард, 46 зан ва 121 ноболиғро ташкил медиҳад.

16
Барчаспҳо:
марказ, таъсис, ёрии ҳуқуқӣ, Тоҷикистон