Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазири тандурустӣ: ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба вируси корона то андозае поён рафт

416
(Таҷдидшуда 13:42 09.06.2020)
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар як ҷаласаи корӣ таъ кид доштааст, ки новобаста аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории КОВИД -19 чораҳои пешгирикунанда ва табобати беморон пурзӯр карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбкоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, имрӯз, санаи 9 июни соли равон таҳти роҳбарии Вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи корӣ доир ба андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур вазир таъкид доштаааст, ки  новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафтааст.

Вай афзуд, муроҷиати шаҳрвандони кишвар низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин вирус кам шудааст, аммо новобаста аз ин бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории КОВИД-19 пурзӯр карда шаванд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳамзамон таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.

Вазир бори дигар барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон то 8 июни соли равон дар мамлакат 1176 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Ҳамчунин давоми як шабонарӯз дармонгоҳҳои ҷумҳуриро 90 нафар пас аз шифо ёфтан тарк намуданд.

Қобили зикр аст, ки давоми чанд рӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз ин маризӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорат таъкид намудааст, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб дар хизмати мардум қарор доранд.

416
Барчаспҳо:
табобат, беморон, вирус, коҳиш, ҷаласа, вазир, Тоҷикистон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

2
(Таҷдидшуда 01:49 15.08.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз бемории коронавирус “Covid-19” бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр мулоқот анҷом дода, дар он таъкид доштанд, ки ҳангоми адои намозҳои ҷаноза эҳтиёт ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар ҷаласа Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми ин вирус бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр таъкид шудааст, ки мутаассифона вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин”, ки аз ҷониби Маркази исломии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофагирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд.

Гуфта шудааст, ки ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд. Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва атрофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ин гуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси Шўрои уламои дини вилоят, сархатиби Масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд дар ин ҷаласа аз ҷумла афзуд, ки зимни мулоқот бо мардум ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамоем, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи камтарини хешу таборони наздики майит, бо риояи қатъии дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин” анҷом дода шавад.

“Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд. Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд”, гуфт Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода.

Дар ҳамин ҳол вай зикр кард, ки Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд афзуд, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус эҳтиёткориро пеша намудан аст. Зеро, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад.

Тахмина Усмонова изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд.

“Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад. Ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад”, гуфт ӯ.

2
Барчаспҳо:
эҳтиёт, ходимони дин, хатар, ҷаноза, мақомот, Тоҷикистон
Глава МИД РТ провел встречу зам главой МИД РФ Андрейем Руденко

Мулоқоти Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе: тарафҳо чӣ масоилро баррасӣ карданд

62
(Таҷдидшуда 01:40 15.08.2020)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷаи Русия мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 

Гуфта шудааст, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Маскав дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

62
Барчаспҳо:
вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугӯ, мулоқот, Душанбе, Русия, Тоҷикистон