Шумораи муассисаҳои тиббӣ дар Хатлон ду баробар афзуд

74
(Таҷдидшуда 14:57 09.06.2020)
Қобили қайд аст, ки вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне, дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184%) афзудааст.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ду баробар афзуд, гузориш медиҳад ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин давра, аз 892 ба 1668 адад - марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26 - марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5 адад расидааст.

Қобили қайд аст, ки вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид.

Яъне, дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184%) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он-мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд диданд.

Интиқоди Фирӯза Шарифӣ аз занони Хатлон: ба азо бе ниқоб ва риояи фосила мераванд

Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз 30 апрели соли 2012 бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ шуда буд. Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди амалӣ гардидани баъзе корҳо, иҷрои пурраи барнома таъмин карда нашудааст.

74
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

50
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

50
Доллары в конверте, архивное фото

Боздошти афсар барои талаби пора аз бародари сарбоз

176
(Таҷдидшуда 09:39 07.07.2020)
Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти афсаре хабар медиҳад, ки аз бародари як сарбоз маблағ талаб кардааст

 

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бо иттиҳоми гирифтани пора афсар Ёрмаҳмад Нуров боздошт гаштааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Агентӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ Ёрмаҳмад Нуров барои дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ҷойгир намудани шаҳрванд “А”, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват гардида буд, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз бародараш шаҳрванд “Б” маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуд.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Нуров Ё.Г. баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ  дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Нуров Ё.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.

Дафтари матбуотии Агентӣ дар бораи мақом ва рутбаи афсар иттилоъ надодааст.

176
Барчаспҳо:
Агентии мубориза бо фасоди молӣ, боздошт, пора, сарбоз, Афсар, Тоҷикистон
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

0
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

0