Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Қарорҳои Ҳукумат: тағйири номи қуллаи баланди Помир, ки олими рус ба номи занаш гузошт

6370
(Таҷдидшуда 13:29 10.06.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помирро, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дод

ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.

Қуллаи мазкур 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 1910 аз ҷониби сайёҳ ва ҷуғрофидони рус, Николай Корженевский кашф гардида ва ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта шуд.

Бе фоида ва ҳатто зарар: дарсҳои бадахшонии “вируси корона”

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияро муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои дигари давлатӣ барои татбиқи қарорҳои мазкур чораандешӣ намояд.

6370
Барчаспҳо:
Помир, қарор, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

37
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

37
Доллары в конверте, архивное фото

Боздошти афсар барои талаби пора аз бародари сарбоз

140
(Таҷдидшуда 09:39 07.07.2020)
Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти афсаре хабар медиҳад, ки аз бародари як сарбоз маблағ талаб кардааст

 

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бо иттиҳоми гирифтани пора афсар Ёрмаҳмад Нуров боздошт гаштааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Агентӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ Ёрмаҳмад Нуров барои дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ҷойгир намудани шаҳрванд “А”, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват гардида буд, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз бародараш шаҳрванд “Б” маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуд.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Нуров Ё.Г. баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ  дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Нуров Ё.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.

Дафтари матбуотии Агентӣ дар бораи мақом ва рутбаи афсар иттилоъ надодааст.

140
Барчаспҳо:
Агентии мубориза бо фасоди молӣ, боздошт, пора, сарбоз, Афсар, Тоҷикистон