Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Фармони Президент: Раҳмон масъули ҳифзи маълумоти шахсиро таъйин кард

5013
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон Хадамоти алоқаи назди Ҳукуматро аз ваколатҳои нав бархӯрдор намуд

ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Тибқи фармони Президент, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумат ниҳоди ваколатдори давлатӣ дар бахши ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон таъйин шуд.

Бег Сабуров, архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ин фармон дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумат қарор кард, ба далоили амниятӣ сабти симкортҳо ва фурӯши онҳо бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014-ум сурат гирад, ки дорои маълумоти бештари биометрӣ дар бораи соҳиби он мебошад.  

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои навро то 15 феврали соли 2022 тамдид карда буд.

“Speedtest Global Index” суръати интернетро дар Тоҷикистон аз бадтаринҳо хонд

“Барои пешгирии қонуншиканиҳои ҷиноӣ, таҳдиди терроризму эктремизм, ки ба воситаи телефонҳои мобилӣ сурат мегиранд, зарурати гирифтани изи ангушти ҳар як истифодабаранда пеш омад. Бо сабаби он, ки нусхаи шиносномаи соли 2014 имкон медиҳад, ки изи ангушти ҳар як муштарӣ гирифта шавад, сабти номи дубораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба роҳ монда мешавад", - шарҳ дода буд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

5013
Барчаспҳо:
алоқа, раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, симкорт, Хадамоти алоқа, Тоҷикистон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

113
(Таҷдидшуда 15:56 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

113
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

54
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

54