День 11 июня

Ҷашнҳои рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

140
(Таҷдидшуда 02:15 11.06.2020)
Рӯзи ёздаҳуми июн дар Непал аз Рӯзи шоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар Фаронса Рӯзи падар ва дар Амрико Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 11 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Чин аз оғоз шудани "сад рӯзи ислоҳот"  хабар дода шуд.

День 10 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1918 Вазири ҳарбии Олмон генерал Штайн эълон намуд, ки Германия аллакай дар ҷанги якуми ҷаҳон ғалаба ба даст овард.

Соли 1973 дар Ливия оид ба милликунонии ширкатҳои нафти Америка эълон паҳн шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1638 дар Канада аввалин маротиба заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2007 шумораи панҷоҳҳазорумини рӯзномаи "The Guardian" нашр шуд.

Рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин намоиш- ярмаркаи байналмилалии саноати сабук  "ИнтерЛегПром-2009" доир шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.

Соли 2010 дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

 

Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото

 

Соли 2010 дар Тоҷикистон ташкилоти журналистии "Афкори ҷомеа" таъсис дода шуд.

Соли 2014 Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

День 8 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014  Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро оид ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкурро дар давоми панҷ моҳи соли 2014 шуниданд.

Соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.  Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

 

Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
© Sputnik / Евгений Биятов
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш

 

Ҷашнҳои рӯзи 11 июн

  • Дар Непал — Рӯзи шоҳ.
  • Дар Фаронса -Рӯзи падар.
  • Дар Амрико — Рӯзи ваҳдати миллӣ.
140
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

58
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

58
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ

Вазорати тандурустӣ фавти як дардманди дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: омори нав

506
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як маризи дигари коронавирус ба ҳалокат расид. Вазорати тандурустӣ низ фавти як беморро тасдиқ карда гуфт, ки шумораи умумии қурбониён ба 62 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз коронавирус нашр намуд.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта боз як маризи дигар аз коронавирус ҷон бохт. Бо илова шудани ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни вируси COVID-19  дар кишвар ба 62 нафар баробар шуд.

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Зимнан, вазорат таъйид намуд, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7665  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   6 август дар мамлакат  6443 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

506
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон