Кумаки СҶБ ба Тоҷикистон расид: 1 тон таҷҳизоти пизишкӣ ва гурӯҳе аз пизишкони лаҳистонӣ

777
(Таҷдидшуда 02:23 11.06.2020)
Як ҳавопаймо бо таҷҳизоти пизишкӣ ба вазни 1 тон ва ҳамчунин гурӯҳе аз мутахассисони пизишкии лаҳистонӣ ба ҳамроҳи коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, барои муқобила бо густариши “Ковид – 19” ба фурудгоҳи Душанбе фруд омад

ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон доштааст, ки таҷрибаи тимҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ дар мубориза бо густариши Сovid-19 дар Лаҳистон, Италия ва Қирғизистон метавонад кумаки муҳиме барои ҳар кишваре бошад ва вуруди ин тим ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад нақши асосӣ дар муҳофизат аз мардум дар баробари ин беморӣ дошта бошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, ба муддати се ҳафта, 23 мутахассис аз тимҳои ёрии таъҷилии пизишкии Лаҳистон, ки шомили мутахассисони беҳушӣ, пизишкони бемориҳои уфунӣ, парасторон ва мутахассисони башардӯстона ҳастанд, дар канори ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ хоҳанд кард ва беҳтарин равишҳоро дар муолиҷаи мавориди шадиди Сovid-19 ба иштирок мегузоранд.

Ба унвони бахше аз ин амалиёт, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчунин мутахассисони ташхиси пизишкӣ ва озмоишгоҳиро аз Олмон, Русия ва Англия муттаҳид мекунад, ки бино ба дархости давлати Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои оянда ба ин кишвар фиристода шаванд.

Озмоишгоҳҳои посухи босуръат (сайёр) ва тимҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ дар муассисоти пизишкӣ дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла дар дурафтодатарин манотиқ кор хоҳанд кард. Коршиносони эъзомӣ тавассути дафтари минтақаии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Аврупо ба Тоҷикистон, ҳамроҳ бо кормандони дафтари СҶБ, аз давлати ин кишвар ва шарикони байналмилалӣ дар эҷоди маркази амалиёти изтирории беҳдошти умумӣ, густариши стратегияи маҳор ва тақвияти механизмҳои иртибот бо рискҳои мавҷуд ва таомул бо ҷавомеи маҳаллӣ ҳимоят мекунанд.

777
Барчаспҳо:
густариш, муқобила, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, коршиносон, Лаҳистон, Душанбе, вирус, Тоҷикистон
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

11
(Таҷдидшуда 19:43 23.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
11
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Тавофуқи Тоҷикистону Русия ба интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирон - вақти сафар маълум шуд

1207
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба интиқоли 434 муҳоҷири меҳнатӣ ба кор ба соҳаи сохтмон дар шаҳри Иркутск бо Русия ба тавофуқ расид

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск 434 муҳоҷири меҳнатиро дар мувофиқа бо ширкатҳои сохтмонии Русия ирсол мекунад. Дар ин бора вазорат гузориш додааст.

"Вазорати меҳнат тибқи дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома ба имзо расонид ", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин қайд карда мешавад, ки қарор аз ҷониби ситод оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия тасдиқ карда шудааст.

Тибқи созишнома, 434 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои кории кафолатнок шуданд ва дар Иркутск дар ҶДММ "Промстроймаш", ҶДММ "Сибстальстрой" ва ҶДММ "СМПК-7" бо кор таъмин карда мешаванд.

Гурӯҳи якуми коргарон дар аввали ҳафтаи оянда ба Иркутск парвоз хоҳанд кард, ҳоло масъалаҳои ташкилӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, илова ба Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои ин шӯъба, тамоми хароҷоти парвозҳо, карантини дуҳафтаина, ҳуҷҷатгузорӣ, хобгоҳ ва хӯрок аз ҳисоби ширкатҳои дар боло зикршуда пардохта мешавад.

1207