Қаҳрамони филми "Дар орзуи падар" муҷозот шуд: додгоҳ Меҳрубонро 15 сол зиндон кард

CC0 / Pixabay / Статуя Юстиции
Статуя Юстиции  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беҳрӯзи Саид, ки дар филми "Дар орзуи падар" нақши Меҳрубон бозӣ кард, барои 15 сол равонаи зиндон шуд

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳунарманди 25-солаи тоҷик Беҳрӯзи Саидро, ки бо иҷрои нақш дар филми "Дар орзуи падар" машҳур шуд, 15 сол аз озодӣ маҳрум кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ҷавоне, ки 300 ҳазор сомониро дуздид: қаблан низ суд шудааст

Ҳамзамон манбаъ қайд кард, ки  тибқи қарори суд се сол аз ҳукми зиндони Беҳрӯзи Саид бар асоси қонун "Дар бораи афв" кам карда шуд.

Ҳунарманди ҷавон худро ёвари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз ду соҳибкоре, ки аз дӯсти ӯ қарздор буданд, талаби фавран бозпас додани беш аз 100 ҳазор долларро кардааст.

Беҳрӯзи Саид бо бозӣ дар сериёли “дар орзӯи падар”, ба коргардонии падараш Саидҷони Қодирӣ шӯҳрати фаровоне касб кард. Ин сериёл дар авоили соли 2000 яке аз пурмухотабтарин осори телевизионии Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0