Сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Баръакс: ҷаримаи мансабдорон кам ё хатои техникӣ дар лоиҳаи қонун?

601
(Таҷдидшуда 02:31 15.06.2020)
Бояд қайд кард, ки дар тағйиру иловаҳои ахир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷазои дубораи соҳибмансабон ба ҷои зиёдшавӣ, кам шудааст

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Як хонандаи Sputnik Тоҷикистон ба ин таваҷҷӯҳ кардааст, ки дар гузинаи русии тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 112 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон омадааст, соҳибмансабон бори аввал агар ба кирдори ғайриқонунӣ даст зананд, бештар аз он ҷарима мешаванд, ки онро бори дуввум содир карда бошанд.

Тибқи ин санад, ки тағйиру иловаҳои ахири воридшуда ба моддаҳои 112 ва 113 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистонро дар бар мегирад, барои нақзи талаботи қисми 2 – и моддаи 112 ҷарима барои мансабдорон аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда – 58 сомонӣ) таъин шудааст.  Аммо дар қисми 3, ки ба қисми 2 – и моддаи 112 илова шудааст, омадааст, афроди соҳибмансаб аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешавад.

Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ин як кори боварнокарданист ва баъид аст, ки дидаю дониста, вазорати адлия ё Маҷлиси намояндагон ба ин иштибоҳ роҳ дода бошанд.

“Ҷазои дуюм аз ҷазои якум бояд зиед бошад. Зеро инро дар илми ҳуқуқ “ретсидив” – такрори дубораи ҷурм ё қонунвайронкунӣ мегӯянд ва табиист, ки як нафар аз ҷаримаи аввалӣ сабақ нагирифта, дигарбора қонуншиканӣ кунад, ҷазояш ҳам вазнинтар ва худаш ҳам хатарноктар мешавад. Боварӣ дорам, ки ин хатои огоҳона нест, ё ҳадди ақал ҳангоми тарҷума ё навиштани матн иштибоҳ шудааст”, - гуфт Бахтиёр Насруллоев.

Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, ки дар расми муаррифии ин тағйиру иловаҳо дар ҷаласаи ахири палатаи поёнӣ аз онҳо ҳимоят намуда, мавқеи намояндагони халқро баён карда буд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имкон надорад, ки чунин бошад.

“Агар чунин бошад, эҳтимолан хатои техникӣ рафтааст. Ҳоло ин матн дар наздам нест. Аммо агар ҳамчунин иштибоҳ рафта бошад, ҳатман баррасӣ ва ислоҳ хоҳад шуд”, - гуфт Равшан Раҷабзода.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ, моддаҳои 112 ва 113 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ва дар тақвияти моддаи 374 – и кодекси мазкур як моддаи нав илова кард.

Тағйиру иловаҳоро дар Маҷлиси намояндагон Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Ин моддаҳо ҷаримаву зиндон барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, мубориза бо эпидемия ва нашру парокандани ахбори бардурӯғро маълум мекунанд.

Қисми 2 – и моддаи 112 қоидаю меъёрҳоеро назар дорад, ки замони буруз ва густариши маризии барои инсон хавфнок, ё ҳангоми иҷрои маҳдудиятҳои қарантинӣ ё риоя накардани дастур (қарор) - ҳо, ё талаботи мақомот (афроди масъул), ки назорати санитарию эпидемиологиро дар замони иҷрои тадобир назорат мекунанд, иттифоқ меафтанд. Ҷарима ҳам барои ашхоси ҳақиқӣ аз 7 то 12, соҳибкорони муҷаввиздор аз 20 то 30, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 40 то 60, афроди соҳибмансаб аз 60 то 80 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои хисобҳо муайян шудааст.

Гузашта аз ин, барои тақвияти қисми 2 қисми 3 афзуда мешавад, ки бино ба он, кирдори дар қисмҳои 1 ва 2 такрорёфта тайи як сол муҷозоти шадидтар доранд, аз ҷумла барои ашхоси ҳақиқӣ аз 15 то 20, соҳибкорони муҷаввиздор аз 30 то 40, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 60 то 80, афроди соҳибмансаб аз 40 то 50 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.

601
Барчаспҳо:
қонун, ҷарима, Тоҷикистон
Новая эстакада в Душанбе

"Форсаж"- и тоҷикӣ: боздошт ва ҷаримаи ронандаи қоидашикан - навор

6
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар шоҳроҳи пойтахт худравашро ба мисли қаҳрамони филми "Форсаж" ҳай мекард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Навори бо суръати баланд ва муқобили самт ҳаракат кардани як ронанда дар роҳи автомобилгарди шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ҳам ба миён овард.

Корбарон тарзи мошин рондани ин ронандаро, ба филми "Форсаж" шабоҳат дода, аз кормандони пулис даъват намуданд, ки нисбати чунин ҳолатҳо тадбирҳои лозима андешида шаванд.

Зимнан, Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки аз рӯйи навори мазкур, ронандаи қонуншиканро боздошт намуданд.

Кормандони РВУД дар пойтахт муайян намуданд, ки номбурда Пиров Аҳлиддини 25- сола, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад.

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

Манбаъ меафзояд, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

6
Барчаспҳо:
ронанда, боздошт, Душанбе
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Қатъи ваколати Бахтовар Сафарзода дар парлумон: вазифаи нав гирифт

110
Ваколати Бахтовар Сафарзода, раҳбари Гурӯҳи Ҳизби халқи демократ дар палатаи поёнии порлумони кишвар қабл аз муҳлат қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар ин бора аз дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ваколати Бахтовар Сафарзода, имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатӣ қатъ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ваколати Сафарзода бинобар таъйин шуданаш  ба вазифаи намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қатъ шуд.

Бахтовар Сафарзода номзади Ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон ду маротиба, тайи солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи вахш интихоб гаштааст.

Номбурда доктори ҳуқуқ буда,  дар гузашта мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм буд.

Ӯ узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон буда сар аз 7 апрели соли 2015 ба сифати гурӯҳи вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

 

110