День 14 июня

Ҷашнҳои рӯзи 14 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

75
(Таҷдидшуда 19:34 13.06.2020)
Рӯзи чордаҳуми июн Русия аз Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират ҷашн мегирад. Ҳамчунин дар ин рӯз амрикоиҳо Рӯзи парчамро қайд мекунанд

Рӯзи 14 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1941 Агентии иттилоотии Русия -ТАСС  овозаи омодагии Германия ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравиро эълон карда буд.

Соли 1938 дар Амрико хлорофилл (моддаи сабзе, ки ба растанӣ ранги сабз мебахшад) ихтироъ шуд.

Рӯзи 14 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1931 ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.

Сли 2018 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок кард.

День 12 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2000 дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти шашуми «Панҷгонаи Шанхай» баргузор гардид. Дар ҷараёни  нишаст Баёния дар бораи  табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин пешниҳод дар бораи ба узвияти СҲШ қабул намудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро муҳокима намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба муҳорибаҳои гуногун баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Япония оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Соли 2012 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар карда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 июн

  • Рӯзи байналмилалии блогнависон.
  • Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.
  • Дар Латвия ва Эстония- Рӯзи ёдбуди ҷазогирифтагони коммунистӣ.
  • Дар Русия- Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират.
  • Дар Амрико иди миллӣ- Рӯзи парчам.
75
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

5
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дамои ҳаво дар ҷумҳуриро камабру бебориш арзёбӣ мекунад. Дар ғарби ВМКБ то 30 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағирёбанда  мешавад.Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

5
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, гармӣ, Ожонси обуҳавошиносӣ
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

71
(Таҷдидшуда 11:38 07.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

71

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

0
Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оилд ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд,  намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус Туркманистон мераванд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони ТУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

0