Врач, архивное фото

Аз боздиди қонун то содироти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ: олимони тоҷик чӣ ваъда доданд?

327
(Таҷдидшуда 12:04 14.06.2020)
Олимони тоҷик дар як семинари корӣ таҳти унвони “Коркардҳои илмии олимони тоҷик дар мубориза бо вируси COVID-19” хостори ворид намудани тағйироту иловаҳо бар қонун ва содироти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ба кишварҳои хориҷ шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” донишмандони тоҷик дар ин семинар таъкид карданд, ки қонуни Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” ба боздид ва такмил ниёз дорад.

Инчунин дар ин семинар олимону масъулини давлат пешниҳод карданд, ки  дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ тадриси фанни "Тарзи ҳаёти солим" ҷорӣ карда шавад.

Манбаъ қайд кардааст, ки муовини Сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода пешниҳоду таклифҳои пажӯҳишгаронро шуниданд ва  андешаҳои худро нисбат ба ин масъала ва иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешгирӣ аз вирусҳои сироятӣ баён доштанд.

Инчунин дар ин ҷаласа Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид доштааст, ки истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонии пандемия ва бемориҳои сироятӣ чун маҳлули гипохлориди натрийи тиббӣ, оби нуқра, дастгоҳи нафаскашии сунъии ёрирасон аз ибтикороти амалист, ки олимони тоҷик онро дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар як шабонарӯз ҳадди ақал 10 тонна маҳлули гипохлориди натрий истеҳсол мешавад.

“Дар мавриди дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҳаминро бояд тазаккур диҳем, ки бо татбиқи дизайн ва ороиши зоҳирӣ ин маводро метавонем содир кунем”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки аз панҷ ҳазор рустании шифобахш танҳо 132 адади он хусусияти фармокологӣ дошта, имкон дорад аз онҳо маводи доруворӣ таҳия гардад. Бо дарназардошти мавриди коркарди истеҳсолӣ қарор гирифтани рустаниҳои шифобахш пешниҳод гардид, ки саноати дорусозӣ таҳкими бештар ёбад.

327
Барчаспҳо:
қонун, тағйирот, содирот, дастгоҳ, Олимон, Тоҷикистон
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

6
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

6
Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ

Юсуф Раҳмон: “Тафтиши парвандаи “Хӯҷа - Командир” ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”

41
(Таҷдидшуда 13:38 14.07.2020)
Парвандаи Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба “Хӯҷа - Командир”, ки ҳанӯз моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе интиқол ёфта буд, ҳамоно дар дасти тафтишот аст ва ниҳоӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати Хӯҷа Каримов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Парванда ҳанӯз такмил нашудааст. Пас аз анҷоми тафтишот ба суд ирсол хоҳад шуд”, - кӯтоҳ посух дод Юсуф Раҳмон.

 Парванда алайҳи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.

 Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд. Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

41
Барчаспҳо:
марҳилаи ниҳоӣ, тафтиши парванда, Юсуф Раҳмон, додситони кулл, Прокурори генералӣ, Тоҷикистон