Здание Международного аэропорта Душанбе. Архивное фото

Ба кумаки пизишкони тоҷик боз як гурӯҳ табибони Лаҳистон ва намояндагони СҶБ омаданд

217
Ба Тоҷикисттн гурӯҳи дуюми табибони варзида аз Лаҳистон ва инчунин чанд намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Табибони Лаҳистон ва намояндагони СҶБ - ро субҳи рӯзи 14 - уми июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустии кишвар певоз гирифтанд.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, тими нави табион ва намояндагони СҶБ аз 9 нафар иборат аст.

Ҳадафи аслии ташрифи пизишкон ва мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба ва расондани кумак дар роҳи пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус гуфта мешавад.

Кумаки СҶБ ба Тоҷикистон расид: 1 тон таҷҳизоти пизишкӣ ва гурӯҳе аз пизишкони лаҳистонӣ

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо пизишкони тоҷик, қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Ҳамзамон, шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуданд.

Дар Тоҷикистон расман бурузи маризии коронавирусро 30 - юми апрел эълон карданд ва то имрӯз аз ин беморӣ 50 мариз ҷон аз даст доданд.

217
Барчаспҳо:
СҶБ, Лаҳистон, пизишкон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (627)
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Карриева: маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон ба фарқ аз се кишвари ОМ, 65 рӯз пас сабук гардиданд

17
(Таҷдидшуда 17:28 13.07.2020)
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева аз хатари коронавирус ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бахтигул Карриева аз сабук гардидани маҳдудиятҳо, ки қаблан ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, изҳори нигаронӣ кард.

"Бисёре аз мардум дар хона нишастан хаста шуданд ва аксар кишварҳо ба таври возеҳ мекӯшанд, ки иқтисодиётро кушоянд. Аммо вирус ҳанӯз ҳам паҳн шуда истодааст ва он то ҳол марговар аст.  Бештари мардум ҳанӯз ҳам зери хатар қарор доранд", - афзуд Карриева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, то замоне, ки олимон аз пайи ихтироъ кардани ваксин алайҳи ин маризӣ қарор доранд, одамон бояд худ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то андозае пеши роҳи ин бемориро бигиранд.

Намояндаи СҶБ гуфт, роҳи ягонае, ки алъон дар мубориза бо коронавирус маҷвуд аст, ин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва тамиз будани ҳолати санитарии одамон мебошад.

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

Ба изҳори ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ авохири моҳи май ва авоили моҳи июн ба авҷи қуллаи баландтарини ин маризӣ расиданд. Барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин маризӣ маҳдудиятҳо аз қабили баста намудани роҳҳои автомобилгард байни шаҳру навоҳӣ, муттаваққиф намудани фаъолияти мактабу корхонаҳо, манъи баргузории тӯй ва чорабиниҳои фароғатӣ, ҷорӣ гардида буд.

Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъ ин маҳдудиятҳо то андозае сабук шуданд, гарчанде вирус комилан аз байн нарафт ва хатари он то ҳол мавҷуд аст, - таъкид намуд намояндаи СҶБ.

Вазъ мушкилтар шуд: коронавирус дар Ӯзбекистон дубора авҷ гирифт

Карриева гуфт, Тоҷикистон ба фарқ аз Қирғизистону Қазоқистон ва инчунин Ӯзбекистон ин маҳдудиятҳоро бо гузашти 65 рӯз сабуктар кард, аммо дар кишварҳои зикргардида маҳдудиятҳо барвақттар лағв шуданд ва вазъият дар робита ба паҳншавии вирус боз ваҳимтар шуд.

Намояндаи СҶБ илова намуд, ки то ҳол табобати мушаххас аз маризии коронавирус мавҷуд нест, аммо рӯйхати як қатор доруҳо вуҷуд дорад, ки ҳангоми табобат васеъ истифода буда мешаванд.

17
Барчаспҳо:
СҶБ, намоянда, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (627)
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

30
(Таҷдидшуда 15:54 13.07.2020)
"Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" барои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст.

Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

30
Барчаспҳо:
корҳои фаҳмондадиҳӣ, Бадахшон