Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

"Дасти ман кӯтоҳ аст": суҳбати Ёдгор Файзов аз тамдиди қарантина то қарзи бонкҳо

2621
Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" ё COVID-19 бо раҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳанӯз 6 июн эълон карда буд, ки аз 15 июн дар кишвар ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз менамоянд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҳоло тамоми бозору марокизи хизматрасонӣ, шурӯъ аз сартарошхона то тарабхонаву осоишгоҳҳо дар саросари кишвар кори худро аз сар гирифтанд, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ҳукумати ин вилоят ба ин натиҷа расидааст, ки қарантинаро то 20 июн тамдид кунад.

Sputnik Тоҷикистон бо раиси вилоят Ёдгор Файзов тамоси телефонӣ гирифта, нахуст сабаби тамдид шудани қарантина дар вилоятро пурсид.

- Мо вазъи эпидемилогиро як бор баррасӣ кардем. Масалан, дирӯз 13 мариз ба Шифохонаи вилоятии Бадахшон ворид шуданд, аз ҷумла 9 нафар аз шаҳри Хоруғ. Албатта, ин нисбат ба он рӯзҳое, ки 50 – ву 70 нафар меомаданд, кам аст, аммо 9 нафар барои шаҳри хурде, назири Хоруғ, аз нуқтаи назари табибон ҳанӯз рақами калон аст. Аз ҳамин хотир, ба ин натиҷа расидем, ки то 20 июн мунтазир монем, то рақамҳо поён оянд. 

Файзов аз коҳиш ёфтани теъдоди дардмандони коронавирус дар Бадахшон гуфт

Агар қарантина ҳам бардошта шавад, оё вилоят омода аст?

- Ҳар чӣ дар тавон дорем, карда истодаем. Фурсатро бояд истифода бурд. Ҳоло бо иттифоқи мақомоту ризокорон ба марокизи хизматрасониву бозорҳо рафта, мағоза ба мағоза мегардем ва инро меомӯзем, ки омодагиҳо чӣ туранд. Оё ҳароратсанҷу маводи антисептикӣ ва ниқобу дигар заруриёти гигиениро фароҳам кардаанд, ё хайр? Инро ҳам мефаҳмонем, ки вақте ҳама боз шуд, дар дӯкон бояд чанд нафар ҳузур дошта бошад. Ё замони қарантина дар назди мағозаҳои фурӯши молҳои саноатӣ ғуфраҳои меваву сабзавотфурӯширо ҷой карда будем. Агар мағозаҳо боз шаванд, ин ғуфраҳоро бояд ба ҷои дигар кӯчонд. Аз сӯи дигар, кӯшиш дорем нуқтаҳои фурӯшро тарзе ҷой кунем, ки издиҳом ба вуҷуд наояд. Хуллас, кор бисёр аст.

Гуфтед, ки теъдоди маризон коҳиш ёбад, қарантина лағв мешавад. Агар нашуд?

- Агар вазъ беҳбуд наёбад, дигарбора тамдид мекунем. Умедворем, ки то 20 июн теъдоди маризон ҳадди ақал то ду – се нафар коҳиш меёбад.

- Дар урфият мегӯянд, кор набошад, нон ҳам нест. Кисаи мардум зарар намебинад?

- Мо инро дарк мекунем, ки мардум бояд кор кунанд. Бархе қарз гирифтаанд. Ё зиндагии баъзе аз паси ҳамон сартарошхона, кошонаи ҳусн, ошхона ё тиҷорат аст. Ин тарафро ҳам хуб мефаҳмем. Ҳама талош ҳам барои ин аст, ки вазъи эпидемиологӣ ба эътидол ояду мардум пушти кору бор ва зиндагӣ шаванд. Аммо агар вазъ беҳбуд наёбад, саломатии мардум муҳимтар аст. Коре кунем, ки на сих сӯзаду на кабоб.

Ҳамдардӣ, ояи Қуръонӣ ва ёдоварӣ аз солҳои 90-ум: табрикоти Файзов ба муносибати иди Фитр

- Ҷаноби раис, дар бораи қарз гуфтед. Мардуми оддӣ ва тоҷирон аз бонкҳо қарздоранд. Оё эҷоди сабукӣ барои онҳоро бо бонкҳо ба баррасӣ гирифтаед?

- Масъалаи қарзи бонкҳо дар ихтиёр ё зӯру тавони мо – ҳукуматҳои вилоятҳо ва ҳам шӯъбаҳои маҳаллии бонкҳо нест. Гап дар сарбонкҳо ва масъала ҳам умумиҷумҳуриявӣ аст. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ мо ин мавзӯъҳоро матраҳ мекунем, ки қарзҳо лағв шаванд, ё имтиёзҳое дода шавад, ки тоҷирону қарздорон азият накашанд, кор кунанд. Ҳоло вазъи иқтисодии тамоми кишвар вазнин аст. Вазъи Бадахшон дар қиёс бо дигар вилоёти кишвар ба хотири мавқеияти ҷуғрофӣ ва дурӣ аз марказу хатҳои роҳи оҳан боз вазнинтар аст. Агар ҳамчунин як имтиёзҳо аз сӯи бонкҳо дода шавад, мо истиқбол мекунем.

- Оё дар ин мавзӯъ мардум ё соҳибкорон ба Шумо муроҷиат мекунанд?

- Бале, дар ин маврид муроҷиатҳои зиёд ба дасти мо мерасанд. Ба номи худам ҳам як гурӯҳ шаҳрвандон муроҷиат карданд. Аммо дар ин боб дасти ман кӯтоҳ аст. Коре, ки ман, минҳайси раиси вилоят метавонам анҷом диҳам, расонидани арзу доди мардум аст. Бе ман ҳам дар марказ вазъро хуб мефаҳманд ва чораандешӣ мекунанд. Умед дорам, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои наздик ягон иқдом хоҳад кард.

2621
Барчаспҳо:
Бадахшон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)
Инспектор ГИБДД, архивное фото

Бадахшон: дар 13 садамаи нақлиётӣ 7 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳатдор гардиданд

25
(Таҷдидшуда 16:51 09.07.2020)
Бозрасии давлати автомабилии Раёсати умури дохила дар ВМКБ аз коҳиш ёфтани нақзи қавонини роҳ аз сӯи ронандаҳо хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи охири соли ҷорӣ 13 садамаи нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти БДА РВУД дар ин вилоят.

"Дар натиҷаи 13 садамаи нақлиётӣ дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бар хабари БДА дар ВМКБ дар ин давра 37 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи ронанадагӣ, 10 далели истифодаи шишаҳои сиёҳу хира бе иҷозатномаи махсус ошкор  гардидааст.

Ҳамчунин чанд соли охир дар вилоят бамаротиб коҳишёбии шумораи ронандагоне, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати сархушӣ идора мекунанд, мушоҳида мегардад.

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон 12 нафар ронанда, ки мошинро дар ҳолати сархушӣ идора мекарданд, аз сӯи нозирони шуъбаи БДА РВКД-и вилоят боздошт шуданд. Ҳамаи ин ронандагон ҷарима ва ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт маҳрум гардиданд.

Дар давоми шаш моҳи соли равон инчунин 39 ронанда, ки бе литсензияи давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд, боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва сари вақт мавриди муоинаи техникӣ қарор надодани воситаҳои нақлиёт оқибат ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

25
Барчаспҳо:
садама, нақлиёт, Бадахшон
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? поруи мурғхонаҳо, партов ё...

82
(Таҷдидшуда 16:39 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷойро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии поруи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва ва онро ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи поруи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯи ғализ дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби поруи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи поруи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сабт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

82
Барчаспҳо:
мушкилӣ, гармои шадид, марказ, мақомот, шикоят, сокинон, бӯйи бад, Хуҷанд, Тоҷикистон