Ҷашнҳои рӯзи 17 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 июня
День 17 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳабдаҳуми июн Рӯзи байналмилалии биёбоншиносӣ мебошад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Қирғизистон аз Рӯзи кормандони хоҷагии об ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 17 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1801 дар Петербург Конвенсияи дӯстии Русия ва Англия ба имзо расид.

День 15 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 15 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1867 ҷарроҳи англис Ҷозеф Листер аввалин маротиба дар таҷрибаи тибби англисҳо антисептик (тамиз кардани ҷароҳат)-ро ҷорӣ намуд.

Соли 1990 дар Киев Иттифоқи "Чернобил" таъсис ёфтааст.

Ҷашнҳои рӯзи 12 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1925 Протоколи Женева оид ба манъи дар ҷангҳо истифода бурдани гази нафасгардон, заҳролуд,  дигар намудҳои он ва ё воситаҳои бактереологӣ ба имзо расид.

Соли 1967 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин маротиба санҷиши бомбаи ҳидрогенӣ гузаронида шуд.

Рӯзи 17 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

 Соли 1960 дар Помир маркази табобатии "Гармчашма" ифтитоҳ гардид.

Соли 2013 дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент коргоҳи холисгардонии тилло дар назди ҶДММ корхонаи муштараки "Зарафшон" ифтитоҳ ёфт.

День 16 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 16 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ба имзо расид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ гардид.

Соли 2011 дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Гурӯҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Франсия оид ба корҳои хориҷӣ мушкилоти вобаста ба об дар минтақаю ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Соли 2013 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писару духтарони ятим мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 июн

  • Рӯзи байналмилалии биёбоншавӣ.
  • Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони хоҷагии об.
  • Дар Индонезия — Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Испания — Рӯзи Истиқлолият.
Лентаи хабарҳо
0