Социальная сеть Фейсбук

Кумаки гурӯҳи шабакаи иҷтимоии "Кӯлоби ман" ба бемористонҳои ин минтақа

104
(Таҷдидшуда 11:31 17.06.2020)
Гурӯҳи шабакаи иҷтимоии "Кӯлоби ман" кумаки навбатии тиббиро ба бемористонҳои шаҳри Кӯлоб дастрас намудааст

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Масъулони гурӯҳи "Кӯлоби ман" ба беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва Маркази безараргардонии шаҳру минтақаи Кӯлоб лавозимоти тиббӣ кумак карданд.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустӣ ин  дуюмин иқдоми хайриявии фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба беморхонаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб буда, мақсад аз он  дастгирии табибон ва беморони гирифтори коронавируси нави COVID — 19 мебошад.

Кумаки навбатӣ: Шамсулло Соҳибов ба дармонгоҳҳои Кӯлоб лавозимоти тиббӣ фиристод

Лавозимоти тиббӣ аз 12 номгӯй: 225 адад либосҳои муҳофизатӣ,  216 адад респираторҳои махсуси тиббӣ, 225 адад айнакҳои тиббӣ, 52 қуттӣ дастпӯшакҳои тиббӣ, 1000 адад маҳлулҳои зиддивирусӣ (100 мл), 50 литр маҳлули спиртӣ (70 фоиза), 26 адад таҷҳизот барои безараргардонӣ,  50 адад мӯзаҳои махсуси тиббӣ, 1000 адад ниқобҳои тиббии бисёркарата, 75 кг моддаҳои безараргардонӣ  (хлор)  ва 12000 адад ниқобҳои тиббии яккарата иборат мебошад.

Маблағи умумии лавозимоти тиббӣ зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

104
Барчаспҳо:
кумак, Кӯлоб
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

0
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дамои ҳаво дар ҷумҳуриро камабру бебориш арзёбӣ мекунад. Дар ғарби ВМКБ то 30 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағирёбанда  мешавад.Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, гармӣ, Ожонси обуҳавошиносӣ
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

62
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

62