Ҷашнҳои рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 18 июня
День 18 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми июн дар Озарбойҷон аз Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Украина Рӯзи нозирони минтақавӣ қайд мегардад

Рӯзи 18 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1937 аввалин маротиба дар ҷаҳон дар хатсайри Москва- Қутби Шимол –Ванкувер парвози бетаваққуф ба амал омад.

Соли 1952 Англия нақшаи таъсис додани Федератсияи Африқои Марказиро эълон намуд.

День 17 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 Соли 1994 Александр Попов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр (48,21сония) рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1932 дар Женева аввалин конференсияи байналмилалии Ассотсиатсияҳои баскетболи миллӣ баргузор гардида буд, ки дар он қарор оид ба таъсис додани Федератсияи байналмилалии баскетбол ба миён омад.

Рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шӯрои фармондеҳони  Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2003 масъалаи рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва тасдиқкунии сарҳад ба кор (7-рӯза) шурӯъ намуд.

День 14 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 14 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба зиёд намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Барномаи "Баланд бардоштани фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот" қабул гардид.

Cоли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия сафар карданд.

 

Соли 2014  Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.

 

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонк Премьер-министр Пакистана Наваз Шариф
Ҷашнҳои рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Премьер-министр Пакистана Наваз Шариф

 

Ҷашнҳои рӯзи 18 июн

  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҳуқуқи инсон.
  • Дар Украина -Рӯзи нозирони минтақавӣ.
Лентаи хабарҳо
0