Таъйиноти кадрӣ бо сабаби фавт: Зокиров, комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон шуд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо фармони вазири мудофия Илҳом Зокиров, комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон таъйин шудааст. Дар ин мақоми вазифавӣ, ӯ ба ҷойи марҳум Манучеҳр Шокиров корро оғоз кардааст

 ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Хабари таъиноти кадрӣ дар сатҳи комиссарияти ҳарбии шаҳри Гулистонро манобеъ аз ҳукумат ва комиссарияти ҳарбии ин шаҳр тасдиқ карданд.

Ҷамшед Бобоев, сардори шуъбаи кор бо шаҳрвандони эҳтиётӣ дар комиссарияти ҳарбии шаҳри Гулистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Зокиров минҳайси комиссари ҳарбии шаҳр аз рӯзи 12 уми июн ба кор шурӯъ намудааст.

 “Бар асоси фармони вазири мудофияи кишвар муҳтарам Шералӣ Мирзо аз санаи 12-уми июн Зокиров Илҳом Халилбоевич комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон таъин карда шуд”, - зикр кард Бобоев.

Мақоми нави Илҳом Зокировро, дирӯз дар зимни баргузории як ҷаласа дар ҳукумати шаҳри Гулистон муаррифӣ кардаанд. Таъйини Зокиров ба мақоми комиссари ҳарбии шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 25 уми апрел, комиссарияти ҳарбии ин шаҳр майор Манучеҳр Шокиров бар асари садамаи нақлиётӣ дар километри 145 уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ воқеъ дар ҳудуди даромадгоҳи шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расид.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар садамаи нақлиётӣ

Рухдоди ин садамаи нақлиётиро мақомти БДА (ГАИ) и вилояти Суғд шарҳ дода, иттилоъ дода буд, ки Шокиров Манучеҳр, бо мошини тамғаи “Mersedes – Benz” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ гузашта ба автомашинаи тамғаи “Opel -Vectra”, таҳти идораи Хоҷамуродов Бахтиёр, сокини ноҳияи Зафаробод, бархӯрдааст.

Бар асари ин ҳодисаи мудҳиш 8 нафар ба ҳисоби худи комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон ҳалок шудаанд.

Илҳом Зокиров соли 1990 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, пас аз хатми Донишкадаи ҳарбии Федератсияи Русия дар шуъбаи 2-юми комиссарияти ҳарбии Конибодом корро сар карда, баъдан сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Панҷакент қабул шудааст.

Ӯ майори Вазорати мудофия буда, бо фармони вазир комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон таъйин шудааст. Рӯзи 11 уми июн, бо фармонҳои Шералӣ Мирзо, майор Аҳадҷон Додоҷонов комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ ва подполковник Алиҷон Сангинзода, ки то ин вақт комиссари ноҳияи Мастчоҳ буд, комиссари ҳарбии шаҳри Исфара таъйин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0