Девочки плачут, архивное фото

Ҷанҷолҳои калони хонаҳои танг: афзоиши хушунати хонаводагӣ дар замони “вируси корона”

984
(Таҷдидшуда 12:52 20.06.2020)
Гузоришҳо ҳокиянд, ки “вируси корона” на фақат саломативу иқтисод, балки зиндагии хонаводагии мардуми Тоҷикистонро низ омоч гирифта, хушунати хонаводагиро афзудааст . Он чӣ, ки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik, Фахриддин Холбек. Сабоҳат Бобоҷонова, муовини раҳбари маркази буҳронии “Гулрухсор”, ки дар шаҳри Хуҷанд бо занони мавриди хушунати хонаводагӣ қароргирифта сарукор дорад, мегӯяд, замони хонашинӣ аз дасти “вируси корона” ҷанҷолҳои оилавӣ афзуда, моҳи май 142 зан ба ин марказ муроҷиат кардаанд, ки бамаротиб аз моҳи апрел (50 маврид) бештар аст.

“Як сабаб шояд ин бошад, ки мо аз хона кор кардему мардум бо телефон муроҷиат карданд. Дуюм, вақте мардум хонагӣ шуд, ба ваҳму воҳимаи зиёд афтод. Чанд нафарро, ки худ қабул кардам, новобаста аз он ки маълумоташон олӣ аст ё соҳиби касбу коранд, ҳаросон буданд. Аз чӣ? На фақат аз гирифтор шудан ба беморӣ, балки аз масоили иқтисодӣ низ. Аввалҳо маълум набуд, ки ин маризӣ то кай идома меёбад ва мардум ба ин фикр афтода буданд, ки оё вазъи иқтисодии онҳо чӣ хоҳад шуд. Дигар ин ки чун зану шавҳар дар як хона буданд, дар масоили рӯзгор, ки чаро ин корро кардӣ ё инро не, чаро ину чаро он, ихтилофҳо ба миён омаданд”, - тавзеҳ дод Сабоҳат Бобоҷонова ба Sputnik Тоҷикистон.

Гузоришҳо дар бораи афзудани хушунати хонаводагӣ дар замони “вируси корона”, ки тамоми ҷаҳонро хонашин кард, аз саросари кишварҳо нашр мешаванд. Зоҳиран ихтилофҳо миёни зану шавҳар ва дигар аъзои оила дар пайи будубоши шабонарӯзӣ дар як як утоқ ё ҳавлӣ бештар ба миён меоянд ва мӯҷиби ҷанҷолу хархашаҳо мешаванд.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ, дар Тоҷикистон дар аксари маворид ин ихтилофҳо ба таври мусолиматомез миёни аъзои хонавода фурӯкаш мешаванд, аммо гоҳо зан ё мард дари марказҳои буҳрониро мегиранд.

Мардон ҳам ҳастанд

Маркази буҳронии “Гулрухсор” дар Хуҷанд фақат бо занҳо сарукор дорад, аммо ба қавли Сабоҳат Бобоҷонова, мардон низ дари ин марказро кӯфтаанд ва ба онҳо танҳо маслиҳат дода мешавад, ки ба равоншинос муроҷиат кунанд.

Вазъ дар вилояти Хатлон дар таърифи Баҳодур Тошматов, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Ғамхорӣ” андаке дигар аст. Мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин созмон маъмулан муроҷеинро ба хотири машваратҳои ҳуқуқиву кӯмакҳои равонӣ мустақим мепазирад, аммо замони хонашинӣ аз хатари “вируси корона” муроҷиатҳои телефонӣ низ зиёд шуданд.

“Чун коргоҳҳо баста, ҳаракати нақлиёт маҳдуд ва хонашинӣ илоҷи воқеа буд, моҳи май ҳудуди 45 нафар мустақим ва 37 нафари дигар тариқи телефони боварӣ бо мо тамос гирифтанд. Аз 1 то 17 июн бошад, 46 нафар мустақим муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 32 нафар зан ва бақия мардонанд. Хушунатҳо маъмулан ҷанбаҳои иқтисодӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва равонӣ доранд, Ихтилофҳо дар ҷои кору зист ба вуҷуд меоянд. Гоҳо ихтилофҳои хеле ҷиддӣ рух медиҳанд, ки ба далоили махфӣ будани мавзуъ, намехоҳам ба онҳо пардозам”, - гуфт Баҳодур Тошматов.

Гапи хона

Дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи хосест. Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон масъули Маркази машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ дар вилоят гуфт, ки тайи як моҳи ахир касе ба онҳо дар робита бо хушунати хонаводагӣ муроҷиат накардааст.

Набот Додихудоева, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Мадина” дар Хоруғ, ки низ бо масоили хушунати хонаводагӣ машғул аст, мегӯяд, замони хонашинӣ ё қарантина кори ин созмон тағйир накард.

“Ҳамон афроде ба мо муроҷиат карданд, ки қаблан ҳам мекарданд ва теъдоди онҳо хеле кам аст. Маъмулан мардуми кӯҳистон гапи хонаро ба кӯча намебароранд, аммо ҳастанд хонаводаҳое, ки ба таври муназзам ҷанҷолу хархаша мекунанд ва ба маслиҳати мо мешитобанд. Як рӯзи қабл дар ин мавзуъ ба утоқи хоси масоили хушунати хонаводагии раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Бадахшон муроҷиат кардам. Он ҷо гуфтанд, ки дар замони хонашиниҳо аслан касе муроҷиат накардааст”, - гуфт Набот Додихудоева.

На хушунат, на созмон

Армуғонҳо дар ин боб хабаринигори Sputnik Тоҷикистонро дар пойтахт – Душанбе интизор буд. Талошҳо барои суҳбат бо ду маркази буҳронии умда натиҷае надоданд. Бо яке аслан натавонистем тамоси телефонӣ барқарор кунем ва масъулини дигарӣ изҳор доштанд, ки вақти суҳбат надоранд.

Маркази захиравие, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо масоили хушунати хонаводагӣ машғул аст, шарҳе дар ин боб надод ва гуфт, ки барои маълумот бояд муроҷиати хаттӣ сурат гирад. Ин кумита дар саросари кишвар шуъба дорад, ки онҳо низ бо масоили хушунати хонаводагӣ сарукор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Нафиса Юнусова, директори иҷроияи созмони ҷамъиятии «Маркази кӯмаки равонӣ” – шаҳри Душанбе, ки бо кӯмаки равонӣ ба тифлону занон машғул аст ва шуруъ аз моҳи равон тарҳеро ба манзури омӯзишӣ вазъи равонии аҳолии Тоҷикистон шуруъ кардааст, мегӯяд, гузоришҳои муқаддамотӣ ба иғтишош кашида шудани вазъи равонии ҷомиа ҳангоми хонашиниҳои замонаи “вируси корона” – ро собит мекунанд.

“Дар деҳот ҳама дар ҳавлӣ, як фазои боз будубош мекунанд. Аммо зиндагӣ дар утоқҳои танги бисёрманзилаҳои шаҳрҳо, бахусус барои оилаҳои серфарзанд, хеле сахт гузашт. Масалан, дар Маскав мардум замони қарантина ба бӯстонсароҳои худ рафтанд. Аммо аксари шаҳрнишинони мо чунин шароитро надоранд ва табиист, ки роҳи гурез аз ихтилофҳо нест. Оморе, ки то ба ҳол дорем ва дар охири моҳ ба нашр хоҳем расонд, ба афзудани хушунати хонаводагӣ далолат мекунад”, - гуфт Нафиса Юнусова.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мавсуф мегӯяд, мардум ба равоншиносон кам рӯ меоранд, чун фикр мекунанд, ба онҳо фақат девонагон муроҷиат мекунанд.

Ҳаст, аммо...

Ниҳоди дигаре, ки бо хушунати хонаводагӣ машғул аст, вазорати корҳои дохилӣ аст. Вазорат дар тамоми раёсату шуъбаҳояш дар саросари кишвар утоқҳои хоси профилактикаи хушунати хонаводагӣ дорад.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хушунати хонаводагӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ин ниҳод қарор гирифтааст ва ин худ ба ин маънист, ки ин падидаи номатлуб ва ҳам ҷабрдидагонаш дар кишвар ҳастанд.

“Аммо дар ин бора, ки дар замони хонашиниҳо мизони хушунат то куҷо боло ё поин рафтааст, арқоми дақиқ дар даст надорем. Маъмулан пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи вазорат ҳама рӯшан ва маълумот дар ихтиёри ҷомиа қарор дода хоҳад шуд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Аммо он чӣ тайи таҳияи ин гузориш ба даст омад, бигзор муште аз хирвор ҳам бошад, афзоиши хушунати хонаводагӣ дар кишварро бозгӯӣ мекунад ва ҳам далели хуруҷи на фақат маризиҳову мушкилоти иқтисодӣ, балки осебҳои маънавии ҷомиа аз сӯи “вируси корона” мебошад.

984
Барчаспҳо:
ҷаҳон, хушунати хонаводагӣ, хонаводагӣ, зиндагӣ, иқтисод, вирус, Тоҷикистон
Инспектор ГИБДД, архивное фото

Бадахшон: дар 13 садамаи нақлиётӣ 7 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳатдор гардиданд

33
(Таҷдидшуда 16:51 09.07.2020)
Бозрасии давлати автомабилии Раёсати умури дохила дар ВМКБ аз коҳиш ёфтани нақзи қавонини роҳ аз сӯи ронандаҳо хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи охири соли ҷорӣ 13 садамаи нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти БДА РВУД дар ин вилоят.

"Дар натиҷаи 13 садамаи нақлиётӣ дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бар хабари БДА дар ВМКБ дар ин давра 37 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи ронанадагӣ, 10 далели истифодаи шишаҳои сиёҳу хира бе иҷозатномаи махсус ошкор  гардидааст.

Ҳамчунин чанд соли охир дар вилоят бамаротиб коҳишёбии шумораи ронандагоне, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати сархушӣ идора мекунанд, мушоҳида мегардад.

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон 12 нафар ронанда, ки мошинро дар ҳолати сархушӣ идора мекарданд, аз сӯи нозирони шуъбаи БДА РВКД-и вилоят боздошт шуданд. Ҳамаи ин ронандагон ҷарима ва ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт маҳрум гардиданд.

Дар давоми шаш моҳи соли равон инчунин 39 ронанда, ки бе литсензияи давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд, боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва сари вақт мавриди муоинаи техникӣ қарор надодани воситаҳои нақлиёт оқибат ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

33
Барчаспҳо:
садама, нақлиёт, Бадахшон
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? поруи мурғхонаҳо, партов ё...

95
(Таҷдидшуда 16:39 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷойро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии поруи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва ва онро ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи поруи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯи ғализ дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби поруи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи поруи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сабт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

95
Барчаспҳо:
мушкилӣ, гармои шадид, марказ, мақомот, шикоят, сокинон, бӯйи бад, Хуҷанд, Тоҷикистон
Меҳмонхонаи 5 ситорадор дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе

Ҳукумат ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов сабукӣ дод

0
(Таҷдидшуда 17:09 09.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов, ки бояд дар Душанбе бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ созад сабукӣ дод. Бинои бисёрфунксионалӣ меҳмонхонаи 20-ошёнаи 5-ситорадорро низ дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат феҳрасти таҷҳизоту маводеро, ки ширкати “Элит-Строй-Сервис” барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе ворид мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

Хадамоти гумрук муваззаф шудааст, ки барасмиятдарорӣ ва истифодаи мақсадноки молу таҷҳизоти воридшавандаро назорат кунад.

Санги асоси бинои бисёрфунксионалӣ  дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби раисиҷумҳур гузошта шуда,  таъкид гардид, ки бино аз меҳмонхонаи 5 ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа ин маркази бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дода буд, ки иншооти мазкур дар муҳлати 2 сол ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз

Қаблан Давлатов Изаатулло Нусратуллоевич, муассиси ширкати “Элит-Строй-Сервис” ҳудуди 15 километр роҳ, аз ҷумла дар кӯчаи Муродулло Давлатовро таъмир карда, соли 2018 бо фармони раисиҷумҳур бо ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонида шуд.

Давлатовҳо аз хонаводаҳои маъруф дар Тоҷикистон буда, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи ин хонавода мебошад.  

0
Барчаспҳо:
Ҳукумат, сохтмон, Нусратулло Давлатов, сохтмонӣ, меҳмонхона, Тоҷикистон