Наручники висят на дверной ручки.

Шабона ба хонаам даромадааст: боздошти ҷавони 18-сола ба иттиҳоми дуздӣ

109
(Таҷдидшуда 12:22 20.06.2020)
Ҳодиса дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Шабона аз хонаи як сокини ноҳия 2 500-сомонӣ, 1-адад телевизор, 1-адад аксбардорро рабудаанд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавони 18-соларо ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд. Ҷавон ба рабудани  2 500-сомонӣ, 1-адад телевизор, 1-адад аксбардор муттаҳам мешавад.

Тавре ВКД Тоҷикистон менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод, муроҷиат намудаст.

"Шаби 4-уми июни соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиам даромада аз он ҷо 2 500-сомонӣ, 1-адад телевизор, 1-адад аксбардорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд", -  омадааст дар аризаи мард.

Куштори ноболиғ дар "Қаратоғ": бо санги 810 грамма задааст

Зарари расонидашуда 8 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки 19 июн вазорат гузориш дод, ки дар ноҳияи Кӯшониён навраси 17-соларо ба иттиҳоми куштор дастгир карданд.

Номбурда, санаи 17-уми июни соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа дар ҷамоати деҳоти С.Истиқлол бо ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи мазкур аз сабабҳои муносибатҳои оштинопазир баҳсу мунозира карда, аз замин дости алафдаравиро гирифта, ба қисми чапи қафаси синаааш задааст.

Аз рӯи ҳарду қазия тафтишот идома дорад.

109
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

9
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғалисе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғалис ҳама ҷоро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳо хаста шудаанд.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғалис паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19 уми Хуҷанд ҳам аз ин мушкили бавуҷудомада шикоят доранд.

Онҳо ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд, то ба ин мушкили пешомада расидагӣ шавад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва поруи мавҷудбударо ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғалис дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сапт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

9
Самолет на закате, архивное фото

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад

201
Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

201