Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото

500 сомонӣ ба ҳар як хонавода: Бонки ҷаҳонӣ ба ниёзмандони тоҷикистонӣ кӯмак кард

257
Ин маблағ дар қолаби кӯмаки 11 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи изтирории мубориза бо коронавирус, ба хонаводаҳои камбархӯрдори Тоҷикистон пардохт мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ ба хонаводаҳои ниёзманди Тоҷикистон, ки кӯдакони зери 3 сол доранд, 500 сомонӣ (50 доллар) пардохт мекунад.

Ба нақл аз Риа Новости, Нигина Алиева, сухангӯи дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе эълом кард, бар асоси омор, ба ҳудуди 50 000 хонаводаи камдаромад дар Тоҷикистон ин маблағ пардохт хоҳад шуд.

Вай гуфт: Ин маблағ дар қолаби кӯмаки 11 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи изтирории мубориза бо коронавирус, ба хонаводаҳои камбархӯрдори Тоҷикистон пардохт мешавад.

Вай ҳамчунин афзуд: Илова бар кӯмаки молӣ, ба хонаводаҳои маҳрум иттилооти муҳиме дар бораи чигунагии муроқибат аз кӯдакон, тағзияи муносиб, беҳдошт ва эҷоди муҳити  солим, эминӣ ва қобили эътимод дар хона, дар замони хурӯҷи коронавирус дода мешавад.

 

257

Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар истифодабарандаи интернету симкор аст

22
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, чи қадар аҳолии Тоҷикистон истифодабандагони фаъоли интернет ва телефонҳои мобилӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт,  теъдоди муштариёни мобилии сабтшуда дар Тоҷикистон 7 миллиону 25 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи муштариёни фаъоли мобилӣ дар кишвар 5 миллиону 325 ҳазору 978 нафар мебошанд.

Манбаъ мегӯд, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо назардошти корбарони интернети мобилӣ, 3,18 миллион нафарро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли ҷорӣ шумораи муштариёни ҶСШК “Тоҷиктелеком”,  ки зери назорати Хадамот аст,   276 ҳазору 796 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 9 ҳазору 574 муштарӣ камтар аст.

Илҳомҷон Атоев гуфт,  то 30 июни соли 2020, бақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаҳои баъди (ID-корт) соли 2014 ба 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ расид.

Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа

Ба гуфти ӯ,  ҳоло 2 миллиону 957 ҳазору 293 нафар шахсоне, ки SIM-кортҳо дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба сабт шудаанд, то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд.

Ёдовар мешавем, қаблан мӯҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо то 15 феврали соли 2020 буд ва баъдан пурра то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шуд.

22
ДТП, архивное фото

Ду садамаи маргбор: яке ба канори роҳ бархӯрду дигаре аз мошин ғалтид

69
(Таҷдидшуда 13:43 13.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар медиҳад, ки дар натиҷа ҷавони 30 - сола ва навраси 17 - сола ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Садамаи аввал рӯзи 11-уми июл, тахминан соати 4:30-дақиқа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дод.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ронандаи 30 - солаи автомашинаи тамғаи "Хафей-Таенен" Раҳимов Сунатулло ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Гулистон, воқеъ дар наздикии хонаи истиқоматиаш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархурдааст. 

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид.

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор низ як садамаи дигари нақлиётӣ рух дод.

Манбаъ меафзояд, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 20:40-дақиқа автомашинаи тамғаи "Газел", таҳти идораи Абдуллоев Садриддин Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри мазкур, мусофири автомашина, Ашуров Шерзод сокини деҳоти Ҳисор аз беэҳтиётӣ ба замин афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, навраси 17 - сола дар беморхона ба ҳалокат расид.

Феълан, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

69
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, нақлиёт, садама
Индийская модель и актриса Айшвария Рай Баччан на красной дорожке в рамках 71-го Каннского международного фестиваля.

Абхишек Баччан вазъи Айшвария ва фарзандашро шарҳ доду барои дуогӯии мардум сипос гуфт

0
(Таҷдидшуда 14:42 13.07.2020)
Нахуст мубталошавии ҳунарманди машҳури Болливуд Айшвария Рай ва духтарчаи ӯ ба маризии сироятии коронавирусро вазири тандурустии Махараштра нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Посте, ки вазири тандурустии иёлати Махараштра Раҷеш Топе дар Твиттер нашр намуд, бо гузашти андак вақт тоза карда шуд.

Сипас ҳамсари Айшвария, ҳунарманди номии Ҳиндустон Абхишек Баччан низ дар сафҳаи худ дар Твиттер олуда шудани завҷа ва духтарчаи худ ба вируси COVID -19 - ро тасдик кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба гуфтаи Абхишек, ташхиси Айшвария ва фарзанди онҳо аз коронавирус мусбат баромад.

"Маризии онзо дар шакли сабук ҷараён дорад ва онҳо ба қарантини хонагӣ гирифта шуданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дуоҳои самимӣ унвонии ману хонаводаам мефиристанд, изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст дар сафҳаи худ Баччан.

Қаблан аз мубтало шудани Амитабх Баччан ва Абхишек Баччан хабар дода шуд. Вазъи саломатии падару писар ҳам мӯътадил буда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Айшвария Рай Баччан ғолиби озмуни "Мисс ҷаҳон" -и соли 1994 ва ҳунарпешаи маъруф дар Ҳиндустон аст, ки дар филмҳои зиёд нақш бозидааст. Вай дорандаи ду ҷоизаи Filmfare Awards аст, ки қадимтарин ва бонуфузтарин ҷоизаи филм дар Болливуд дониста мешавад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Ҳинд, ҳунарманд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон