Ҷазо барои қарорҳо ба фоидаи роҳбару хешонаш ва салоҳияти Президент: қабули қонуни нав

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳи қонуни пешниҳодкардаи Ҳукумат “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”-ро қабул намуд, ки ба иттилои Сулаймон Султонзода, мудири Ожонси зидди фасод аз қонуни амалкунанда тафовути зиёд дорад

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Сулаймон Султонзода зимни суханронияш дар назди вакилон гуфт, қонуни амалкунанда “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” соли 2005 қабул шуда, пайдоиши ҳолатҳои нави содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ  зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани онро ба миён овард.

Дар қатори тағйирот, мудири Ожонси зидди фасод аз ҷумла мисол овард, ки дар номи қонун калимаи “мубориза” ба калимаи “муқовимат” иваз шудааст. Ӯ шарҳ дод, ки таҳти мафҳуми “муқовимат ба коррупсия” маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи  ҳолатҳои коррупсионӣ дар назар дошта мешавад.

Директори Агентии зидди коррупися: ҷавобгарӣ пурра ба зиммаи роҳбар аст

Султонзода афзуд, ки моддаи 29 лоиҳаи қонун ба қабули қарори дорои хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи мақоми дастаҷамъӣ қабул мегардад, бахшида шудааст. Ӯ шарҳ дод, ки агар раис ба қабули қарори дастаҷамъӣ ба фоидаи худу хешу табораш мусоидат кунад, ё рӯирост монеа нашавад, ҷавобгарӣ пурра ба зиммаи роҳбар гузошта мешавад.

“Яъне, агар қарори дастаҷамъона ба манфиати роҳбар, хешовандони наздики ӯ ё ба манфиати шахсони сеюм қабул карда шаваду роҳбар барои қабули он фаъолона  мусоидат намояд ё рӯирост  мамониат накунад, ҷавобгарӣ  пурра ба зиммаи роҳбар гузошта мешавад”, - таъкид мудири Ожонси зидди фасод.

Ӯ илова намуд, ки дар моддаи 675 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳолатҳои қабули қарори дастаҷамъонаи дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои он муқаррар шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: Кормандони коррупсия бояд шахсони пок бошанд

Султонзода афзуд, ки дар лоиҳаи қонун боби 2, яъне “Ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия” меъёри нав буда, дар он моддаи 5 “Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия”, моддаи 6 “Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия”, моддаи 8 “Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда”, моддаи 9 “Ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда”, моддаи 10 “Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд”, моддаи 11 “Ваколатҳои  субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд” ва моддаи 13 “Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия” илова гардидаанд.

Мудири Ожонси зидди фасод таъкид кард, ки дар лоиҳаи қонун ба масъалаи пешгирии коррупсия, ки аз рӯи таҷриба яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши  муқовимат  ба коррупсия маҳсуб меёбад, диққати махсус дода шуда, боби 3 пурра ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0