Мухиддин Кабири. Архивное фото

Муроҷиати "чанд сокини Рӯшон" ба Кабирӣ: мардуми ноҳия чӣ кор карданашонро медонанд

7598
(Таҷдидшуда 17:15 22.06.2020)
Дар мактуби саркушодае, ки дар муроҷиат ба роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом навишта шудааст, гуфта мешавад, "сокинони Рӯшон даст ба қонуншиканӣ нахоҳанд зад ва гӯш ба хоинони миллат нахоҳанд дод"

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон маводеро бо ном "Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Рӯшон ба хоини миллат, ҷинояткор Муҳиддин Кабирӣ" нашр кардааст.

Дар чанд акси гузоштаи дафтари матбуот, имзои чанд нафар, ки муаллифони номаи саркушода муаррифӣ мешаванд, гузошта шудааст.

Муаллифон ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки дар паҳлӯи Ҳукумат ҳастанд ва қонунро риоя мекунанду ба дасисаҳо аз хориҷ дода намешаванд.

Дар ҳамин мавод, ишора меравад, ки Кабирӣ чанде пеш дар як навор гуфтааст, ки "миллат бояд дар паҳлӯи мардуми Рӯшон бошад".

Муаллифон ин гуфтаҳои ӯро дасисаандозиву кӯшиши раиси мухолифин дар истифодаи сокинон дар "ҷиноятҳои тарҳрезишудаи Кабирӣ" хондаанд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки "Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст".

Дар мавод, дар ишора ба гирдиҳамоии чанде пеш қайд мешавад, ки "ду ҷинояткоре, ки кирдорҳои онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Рушон гаштааст", мавриди таърифу тавсифи мухолифин гаштаанд.

"Дар ноҳияи Рушон қонуну қоида пойдор буда, Мақомотҳои қудрати вазифаҳои худашонро иҷро мекунанд. Мардуми Рӯшон бошад чӣ кор карданашонро медонанд", - афзудаанд сокинон.

Тағйироти кадрӣ дар ноҳияи Рӯшон: директори мактаб-интернат вазифаи нав гирифт

 

7598
Молодожены держатся за руки

Бо таъсири COVID -19: бекоркунии ақди никоҳ дар Суғд кам шудааст

7
Масъулони Раёсати сапти ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар Суғд, яке аз сабабҳои кам шудани теъдоди бекоршавии ақди никоҳ дар хонаводаро аз хуруҷи бемории коронавирус арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Лолахон Файззода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, дар зарфи шаш моҳи гузашта 2019 мавриди бекоркунии ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли қабл 221 кам будааст.

“Яке аз сабабҳои асосии камшавии бекоркунии ақди никоҳи оилаҳоро аз хуруҷи бемории COVID – 19 ҳам гуем мешавад, чунки дар ин давра муроҷиат ба бекоркуни ақди никоҳ камтар буд. Аз тарафи дигар мо имрӯз дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо оиди ин масъала корбарӣ дорем, ки албатта натиҷаи хуб додаистодааст”,- таъкид намуд Файззода.

Бино ба иттилои ин ниҳод давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 7945 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ин давраи соли 2019, 610 ҳолат кам будааст.

Дар ин давра 1922 ҳолати бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019, 221 ҳолат кам гуфта мешавад.

Коронавирус таъсир кард: дар Дубай издивоҷ ва талоқ мамнӯъ шуд

Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд мегуяд, 1251 ҳолат аз шумори умумии бекоршавии ақди никоҳҳо ба қарори суди шаҳру ноҳияҳо сурат гирифтааст.

7
Сейсмография, архивное фото

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

75
(Таҷдидшуда 15:28 14.07.2020)
Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

Ёдрас мешавем, ки 4 июл низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба кайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб диданд.

75
Барчаспҳо:
такон, марказ, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Оренбург: 23 сол дар ҷустуҷӯ буд

0
(Таҷдидшуда 15:25 14.07.2020)
Дар вилояти Оренбург ҷинояткоре аз Тоҷикистон боздошт шудааст, ки беш аз 20 сол дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дошт

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар Орск ба ҷурми куштор боздошт шуд, хабар медиҳад РВКД дар вилояти Оренбург.

Қайд мешавад, ки шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон барои куштори чанд нафар аз ҷониби ВКД Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шудааст.

Ҷинояткор дар паи баргузории корҳои оперативии ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст.

Ҳамсарро кушту хушдоманро захмӣ кард: додгоҳи Хатлон ҳукми Рамазони 27 соларо содир намуд

Дар паи санҷиш муълум шуда, ки боздоштшуда соли 1997 дар куштори чанд кас даст доштааст. Ҷинояткор дар давоми 23 сол дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Шаҳрванди Тоҷикистонро бидуни истифодаи силоҳ дастгир кардаанд.

Ишқи ноком: ҷузъиёти қатли ошиқ ва ҳукми зиндони падари Дилафрӯз

Ӯро ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда ва ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
боздошт, шаҳрванд, Русия