День памяти и скорби в Душанбе

Ҷамъомад дар Душанбе: аз мақолаи Путин то дуои руҳонӣ

669
(Таҷдидшуда 18:40 22.06.2020)
Ба ифтихори Рӯзи сӯгу ёдоварӣ дар гӯристони православии Душанбе бо ҳузури беш аз 50 нафар ва сафир Русия дар Тоҷикистон як ҷамъомад баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Абдурашид Абдураҳмонов, раиси Шӯрои собиқадорони дивизияи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ки ин ҷамъомадро оғоз бахшид, гуфт, Рӯзи сӯгу ёдоварӣ гиромидошти миллионҳо нафар аз мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки дар набардҳо, урдугоҳҳои фашистӣ, шаҳрҳои муҳосирашуда ва гуруснагӣ дар ақибгоҳ ҷон бохтаанд.

"Мо дар сӯги ҳар касе, ки ба баҳои ҷон қарзи худро ҳангоми ҳифзи ватан дар он солҳои сахт анҷом додааст, менишинем", - гуфт Абдурашид Абдураҳмонов.

Рӯзи сӯгу ёдоварӣ ҳар сол 22 июн аз соли 1996 ба ин сӯ дар Русия барои бузургдошти қурбониёни Ҷанги Бузурги ватанӣ (1941-1945), ки намояндагони Тоҷикистон низ ҳамроҳ бо соири шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ дар ҷангу ақибгоҳ фавтидаанд, баргузор мешавад.

Соли 2020 аз сӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин сол Ёдовариву Шараф низ эълом шудааст. Имсол ин таърих дар остонаи ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги ватанӣ дар Маскав, ки аз 9 май ба 24 июн ба таъвиқ афтод, баргузор мешавад.

Мақолаи бузурге аз Владимир Путин дар остонаи ин ҷашн мунташир шуд, ки дар саросари ҷаҳон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Ин мақола посухе ба таҳрифи таърихи Ҷанги ҷаҳонии дувум талаққӣ мешавад, ки бархе муаррихон дар Ғарб ҳатто нақшеро бар Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ алайҳи фашизм қоил намешаванд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон низ дар суханрониаш назароти худро дар мавриди ин мақолаи "барномавӣ, ҷолиб, эҳсосӣ" ва бар асоси ҳақоиқу шавоҳид навишташудаи раисҷумҳури Русия ба иштирок гузошт.

"Ин посухест барои он даста аз неруҳои ғарбӣ, ки талош мекунанд натоиҷи ҷангро таҳрифу ҷаъл карда ва онро ба равиши комилан мутафовит ироа диҳанд. Аммо фаъолони ҷунбиши ватанпарастӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, ки талош мекунанд то вақоеъи 75 соли пеш дар қалбу зеҳни тоҷикистониён ва ҳам мо ҳифз шавад ва ин хотира ҳаргиз аз байн наравад. Талоши онҳост, ки он хотира ҳамеша бо мо монад ва натанҳо ба мо, балки ба наслҳои дигар, ба вежа ҷавонони имрӯзӣ мунтақил шавад", - гуфт Игор Лякин-Фролов.

Шахсан аз Шойгу

Пас аз суханронии сафир маросими эҳдои ҷоизаҳо шахсан аз Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ба як идда аз фаъолони ҳаракати ёдоварӣ баргузор шуд, ки ба гуфтаи сафир, бо масоили собиқадорон, тарбияи ҷавонон ва дарки саҳеҳ аз воқеаҳои 75 соли пеш сарукор доранд.

Ба ин тартиб, Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, Ғайбулло Каримов, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Душанбе, Сӯҳробшоҳ Олимов, раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти Тоҷикистон, Ибодулло Шарифов, раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо медали "Барои хидматҳо дар амри ҷовидона кардани ёду хотираи мудофеъони Ватан" сарфароз гардиданд.

Ба Ғафур Шерматов, муаррих, раҳбари гурӯҳи "Хотира - 201" , нишони барҷастагии "Барои барҷастагӣ дар ҷунбиши ҷустуҷӯи дараҷа 1" эҳдо шуд.

Медали "Ба ёди қаҳрамонон Ватан" – ро Павел Дик, раиси Ҷамъияти русзабонони шаҳри Турсунзода, Музаффар Мадалиев, муовини Кумитаи иттифоқҳои касабаи Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (Талко), Галина Назарова, мудири филиали Бунёди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ” дар Тоҷикистон ва Абдуғафур Ҷабборов, сокини Қаратоғи Турсунзода рӯи сина овехтанд.

Нишони барҷастагии "Барои барҷастагӣ дар ҷунбиши ҷустуҷӯи дараҷа 3" ба фаъолони ҳаракати ёдоварӣ - Ҳорис Нурмуҳаммадов ва Темур Назаров эҳдо шуд.

Каломи Худо

Пас аз бахши расмӣ ҷамъомадагон барои дуову сипос сари қабри "Сарбози номаълум" ва он сарбозон ва афсароне, ки дар гӯристони православӣ дафн шуда буданд, рафтанд. Дар ин гӯристон беш аз ҳазор иштирокдори Ҷанги Бузурги ватанӣ манзили охират гузидаанд.

Дуо тавассути падар Роман, намояндаи Калисои православӣ дар Душанбе анҷом шуд, ки бо истинод ба “Инҷил”, китоби муқаддаси насрониён бар аҳамияти ёдоварӣ ва эҳтироми қурбониёни озодии Ватан таъкид дошт.

"Чаро ёдоварӣ муҳим ва зарурӣ аст? Бадани инсон мемирад, аммо рӯҳи вай боқӣ мемонад ва дуоҳои моро мешунавад", - гуфт падар Роман.

Пас аз дуо ширкаткунандагони ҷамъомад - аз сафир ва соири кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон гирифта, то ҷанговарони башардӯст, аъзои ҷанбиши дучархасаворӣ, рӯзноманигорон ва дигарон бар рӯи мазори "Сарбози номаълум" гул гузоштанд.

Дар бахши дигар ва охирини ин рӯйдод ҳама ширкаткунандагони ҷамъомад дар рангмолӣ кардани ситораҳои сари мазори сарбозон ва афсарон ширкат карданд, ки 75 сол ба ин сӯ ба абадият пайвастаанд ва ҳамасола аз онҳо ёд меоваранд ва барояшон ба сӯг менишинанд.

669
Барчаспҳо:
дуо, Владимир Путин, мақола, Душанбе
Арест, архивное фото

Сокини Душанбе дар ҳолати мастӣ хоҳарбузурги 36 - солаашро кушт

79
(Таҷдидшуда 14:59 09.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 34 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори хоҳарбузурги худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Кормандони милитсия марди 34 - сола, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 7 - уми июл дар манзили истиқоматии гумонбаршуда рух додааст.

"Номбурда соати 19:30 дақиқа дар хонаи истиқоматияш дар ҳолати мастӣ бо хоҳарбузурги 36 - солаи худ муноқиша карда, 2-маротиба бо дастонаш ба сару рӯи ҷабрдида задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурда қаблан низ тибқи моддаи 224 Кодески ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

79
Барчаспҳо:
боздошт, мастӣ, куштор, Тоҷикистон
Сейсмография, архивное фото

Тоҷикистонро заминларзаи 4 - балла такон дод

132
(Таҷдидшуда 13:44 09.07.2020)
Маркази заминларза 165 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе ва 11 километр дуртар аз самти ҷанубии ноҳияи Спитамен ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон субҳи имрӯз замин ларзид, хабар медиҳад California Earthquake Authority.

Бар хабари манбаъ, заминҷунбӣ соати 11:40 дақиқа сурат гирифт. Қувваи ларзиши замин 4,3 дараҷаи Рихтерро ташкил дод.

Гуфта мешавад, маркази заминҷунбӣ ҳудуди 33 километр дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 134 километр дуртар аз шаҳри Тошканд руз додааст.

Алъон гузоришҳо дар мавриди талафоти ҷонӣ ва молӣ рӯи даст нест.

Зилзила дар Бадахшон, барфи аввали Душанбе ва рухдодҳои дигари ҳафта

Манбаъ меафзояд, заминларза бо таҷҳизоти пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ИМА, Русия ва Олмон сабт шудааст.

Ёдовар мешаве, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.

Бино бар иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологии кишвар, 4 июли соли равон, соати 14:52 дар ҳудуди кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Маркази он 201 километрии шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод гуфта мешавад.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ, қисман манзилҳои сокинон дар қишлоқи Дараи Нушори ҷамоати қишлоқи Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистони ҷамоати қишлоқи Ширинчашма  ва қишлоқҳои Ғанишобу Сафедоби ҷамоати қишлоқи Қалъаи лаби об қисман зарар диданд.

132
Барчаспҳо:
заминларза, Тоҷикистон
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳнасарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

0
(Таҷдидшуда 15:28 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

0
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон