Люди в защитных масках на улице Душанбе

"Корона" дар Тоҷикистон то рафт кам мешавад: омори нави сироят, шифоёбӣ ва марг аз вирус

1561
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ менависад, омори шифоёбӣ дар Тоҷикистон калон буда, наздики 74 дарсадро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 22 июн дар Тоҷикистон 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат  4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 44  нафар шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст.

Дипломатҳои амрикоӣ гирифтори вируси корона шуданд

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

1561
Сейсмография, архивное фото

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

0
Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир мебошад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир мебошад.

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

0
Барчаспҳо:
такон, марказ, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Военные учения России и Таджикистана

“Ҷанг бо артиши номаръӣ”: гирифтории афсарони сарбозони тоҷик ба “вируси корона”

26
(Таҷдидшуда 14:56 14.07.2020)
Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон мавориди гирифтории афсарону сарбозони тоҷик ба “вируси корона” – ро эътироф кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Икром Зоирзода, муовини прокурори генералӣ ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, пандемияи “вируси корона” ба қисмҳои низомии артиши Тоҷикистон низ расида, иддаеро мубтало кард.

“Мо аз 30 апрел, рӯзе, ки аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар эълон шуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии он дар ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон мулоқоти наздикону пайвандон бо ҳайати шахсиро маҳдуд кардем. Ин то ҷое пеши паҳншавиро гирифт. Дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ, албатта, ҳолатҳои сироятёбӣ, аз ҷумла миёни афсарон сабт шудааст. Хушбахтона, ҳолати фавт вуҷуд надорад”, - гуфт Икром Зоирзода.

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон дар ин маврид рақами мушаххасеро ироа накард, аммо гуфт, ҳамаи маризон дар шифохонаҳои ҳарбӣ таҳти тадовӣ гирифта шуда, то ба ҳол ҳар ҳафта на кам аз ду маротиба қисмҳои ҳарбӣ тамиз карда мешаванд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 30 апрел то бегоҳи 13 июли соли равон дар кишвар 6595 мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шуда, аз ин теъдод 5278 нафар ё худ 80% шифо ёфта, 55 нафар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд.

26
Барчаспҳо:
эътироф, тоҷик, сарбоз, афсарон, Прокуратура, Тоҷикистон