Самолет АН-28 авиакомпании Tajik Air, архивное фото

Нахустин парвози ҳавопаймо ба Бадахшон пас аз таваққуфи 1 сола: 16 сарнишинро бурд

1056
(Таҷдидшуда 17:41 23.06.2020)
Бо гузашти зиёда аз як сол ҳавопаймои ширкати "Тоҷик - Эйр" 16 сарнишинро аз пойтахти кишвар ба шаҳри Хоруғ расонд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо 16 сарнишин аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ парвоз кард, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, ин нахустин парвоз мебошад, ки бо гузашти як солу чор моҳ анҷом шудааст.

Халабони ҳавопаймо Шукрихудо Додихудо иброз доштааст, ки бо зиёд шудани мусофирон имкони ҳамарӯза интиқол додани мусофирон аз пойтахт ба ВМКБ мавҷуд аст.

Бо дархости Файзову намояндаҳои Ҳукумат фурудгоҳ ба парвози Душанбе-Хоруғ иҷозат дод

Қаблан раҳбари ширкати "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки парвозҳо самти Душанбе - Хоруғ аз сар гирифта мешаванд.

"Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем", - гуфт раҳбари ширкат.

Ӯ гуфт рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд. 

Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум

"Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст", - қайд карда буд Исматуллозода.

Қаблан рӯзноманигори тоҷик Рамзия Мирзобекова аз ифтитоҳ шудани парвозҳо самти шаҳри Хоруғ хабар дода, афзуд, ки арзиши як чипта самти Душанбе - Хоруғ 900 сомониро ташкил медиҳад.

Нархи гарони чипта сокинони ин вилоятро нигарон карда буд.

1056
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Хоруғ
Самолет на закате, архивное фото

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад

22
(Таҷдидшуда 15:46 09.07.2020)
Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

22
Арест, архивное фото

Сокини Душанбе дар ҳолати мастӣ хоҳарбузурги 36 - солаашро кушт

118
(Таҷдидшуда 14:59 09.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 34 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори хоҳарбузурги худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Кормандони милитсия марди 34 - сола, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 7 - уми июл дар манзили истиқоматии гумонбаршуда рух додааст.

"Номбурда соати 19:30 дақиқа дар хонаи истиқоматияш дар ҳолати мастӣ бо хоҳарбузурги 36 - солаи худ муноқиша карда, 2-маротиба бо дастонаш ба сару рӯи ҷабрдида задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурда қаблан низ тибқи моддаи 224 Кодески ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

118
Барчаспҳо:
боздошт, мастӣ, куштор, Тоҷикистон