Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

5 800 сомонӣ - ҷаримаи модари танҳои 7 фарзанд барои зодрӯзи духтараш

1396
(Таҷдидшуда 18:01 23.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ модари танҳои 7 фарзанд, Зебиниссо Сайдалиеваро барои нақзи қонуни танзим ҳангоми таҷлили зодрӯзи духтараш 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Сайдалиева Зебинисо, сокини 56-солаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, муваққатан бекор, модари танҳо, соҳиби 7 фарзанд, ҳангоми таҷлили зодрӯзи духтараш, қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон кардааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки зодрӯз бо ҷалби зиёда аз 15-20 нафар ҷашн гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳолати мазкур ошкор гардида, нисбати модари соҳибҷашн парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Таъкид шудааст, ки ҷашн охири моҳи март сурат гирифта, нақзи қонуни танзим зимни мурофиа тасдиқ шудааст.

Додгоҳ хотиррасон намуд, ки тибқи талаботи моддаи 8-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Дар пайи омӯзиши қазия, додрас Сайдалиева Зебинисоро дар нақзи қонуни танзим гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷарима ба андозаи 100  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 сомонӣ, ҷазо таъйин кард.

Президент хост ҷарима зиёдтар шавад: нигаронӣ аз бархе модарон, муллоҳо ва мансабдорон

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи апрели соли равон дар парлумон гуфт, ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва бархе модарону бонувон  ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд.

Ӯ бо зикри ин нукта дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми ҷарима барои нақзи қонуни танзим зиёд карда шавад.

“Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 

1396
Барчаспҳо:
додгоҳ, ҷарима, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад

89
Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

89
Арест, архивное фото

Сокини Душанбе дар ҳолати мастӣ хоҳарбузурги 36 - солаашро кушт

139
(Таҷдидшуда 14:59 09.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 34 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори хоҳарбузурги худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Кормандони милитсия марди 34 - сола, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 7 - уми июл дар манзили истиқоматии гумонбаршуда рух додааст.

"Номбурда соати 19:30 дақиқа дар хонаи истиқоматияш дар ҳолати мастӣ бо хоҳарбузурги 36 - солаи худ муноқиша карда, 2-маротиба бо дастонаш ба сару рӯи ҷабрдида задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурда қаблан низ тибқи моддаи 224 Кодески ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

139
Барчаспҳо:
боздошт, мастӣ, куштор, Тоҷикистон