Фруктовые коктейли

Made in Tajikistan: дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истеҳсоли афшура шурӯъ карданд

145
Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии «Қалъача» яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тонна помидорро пешниҳоди харидорон менамояд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истеҳсоли афшура шурӯъ карданд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Тавре мабаъ менависад, имсол кишоварзони хоҷагии деҳқонии "Қалъача"-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ният доранд, ки аз 1 гектар кишти помидор 50 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намоянд. 

"Айни замон чиниши помидор ҷараён дошта, маҳсулоти пухтарасида аз 500 гр. то 1,5 кг вазн доранд. Маҳсулоти дар ин ҷо истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои кӯҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешавад", -  иброз доштааст роҳбари хоҷагӣ Аҳмадҷон Ахмедов.

Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии "Қалъача" яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тонна помидорро пешниҳоди харидорон менамояд.

Имсол хоҷагидорон ният доранд, ки  коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монанд. Истеҳсоли афшура ва консерва аз помидорҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мизоҷон пешниҳод гардад.

Се навъи микроавтобусҳои “Made in Tajikistan” дар Душанбе мусофирбарии санҷишӣ мекунанд

Ёдовар мешавем, ки кишоварзони ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон дар масоҳати 200 гектар навъҳои серҳосили помидорро кишт карда, дар таъмини бозори истеъмолӣ нақши назаррас гузоштанд.

 

145
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

649
(Таҷдидшуда 21:37 27.11.2020)
Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт, хабар медиҳад рӯзномаи "Тоҷикистон" дар истинод ба Феликс Лоҳутӣ, писари Гев.

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав буд.

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.

Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83- сола шуд, нигаҳдорандаи бойгонии падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Фелекс қаблан хабар дода буд, ки "Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад".

649
Медицинские работники в инфекционной больнице

Вазорати тандурустӣ омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард

279
Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард.

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, зикр мекунад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 ноябр 12082 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд", — афзудааст манбаъ.

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

 

 

 

279