Взятка, архивное фото

Боздошти милиса: корманди ВКД ба гирифтани пора муттаҳам мешавад - ожонс номашро гуфт

2770
Ожонси мубориза бо фасод як корманди ВКД Тоҷикистонро ба гирифтани 244 ҳазор сомонӣ, наздики 24 ҳазор доллар пора муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди ВКД, милиса хабар дод.

Ожонс ӯро дар гирифтани 244 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мекунад.

Тавре манбаъ менависад, милисаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Амрулло Хайруллоевич бо маслиҳати пешакӣ бо Юсупов Сино Юсупҷонович ва дигарон, моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Муродова Дилноза Абдуҷалиловна даромада, аз охирин барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га. қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев Ғ.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд.

Ғайр аз ин, Мирзоев А.Х., Юсупов С.Ю. ва дигарон, бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов А.Р., ба маблағи 44000 сомонӣ ва ба Назруллоев А.М. ба миқдори 366925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Боздошти командир барои пора ва водор кардани хоҳари сарбоз ба амали шаҳвонӣ

Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев А.Х. ва Юсупов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

2770
Сейсмография, архивное фото

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

21
(Таҷдидшуда 15:28 14.07.2020)
Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

Ёдрас мешавем, ки 4 июл низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба кайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Ба асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб диданд.

21
Барчаспҳо:
такон, марказ, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Военные учения России и Таджикистана

“Ҷанг бо артиши номаръӣ”: гирифтории афсарони сарбозони тоҷик ба “вируси корона”

49
(Таҷдидшуда 14:56 14.07.2020)
Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон мавориди гирифтории афсарону сарбозони тоҷик ба “вируси корона” – ро эътироф кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Икром Зоирзода, муовини прокурори генералӣ ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, пандемияи “вируси корона” ба қисмҳои низомии артиши Тоҷикистон низ расида, иддаеро мубтало кард.

“Мо аз 30 апрел, рӯзе, ки аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар эълон шуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии он дар ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон мулоқоти наздикону пайвандон бо ҳайати шахсиро маҳдуд кардем. Ин то ҷое пеши паҳншавиро гирифт. Дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ, албатта, ҳолатҳои сироятёбӣ, аз ҷумла миёни афсарон сабт шудааст. Хушбахтона, ҳолати фавт вуҷуд надорад”, - гуфт Икром Зоирзода.

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон дар ин маврид рақами мушаххасеро ироа накард, аммо гуфт, ҳамаи маризон дар шифохонаҳои ҳарбӣ таҳти тадовӣ гирифта шуда, то ба ҳол ҳар ҳафта на кам аз ду маротиба қисмҳои ҳарбӣ тамиз карда мешаванд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 30 апрел то бегоҳи 13 июли соли равон дар кишвар 6595 мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шуда, аз ин теъдод 5278 нафар ё худ 80% шифо ёфта, 55 нафар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд.

49
Барчаспҳо:
эътироф, тоҷик, сарбоз, афсарон, Прокуратура, Тоҷикистон