День 26 июня

Ҷашнҳои рӯзи 26 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

85
(Таҷдидшуда 17:57 25.06.2020)
Рӯзи бисту шашуми июн Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣва гардиши маводи мухаддир мебошад

Рӯзи 26 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1982 Лигаи миллии футболи Америка кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номид.

Соли 1995 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия ба автомобили Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак тир парронда шуд.

 

© Sputnik / Владимир Родионов
Бывший президент Египта Хосни Мубарак

 

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи "Ню-Йорк Дейли Нюс" ба нашр расид.

День 25 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар шаҳри Торонтои Канада баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шуд.

Рӯзи 26 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин» ба истифода дода шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.

Ҷашнҳои рӯзи 24 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011  дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии "Навои арғунун" баргузор гардид.

Соли 2014 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафтанд.

Соли 2014 дар  Малайзия  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии "Протон" дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Соли   2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 июн

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.
  • Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.
85
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Заправочная колонка на автозаправочной станции

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз боло меравад?

74
(Таҷдидшуда 14:43 11.07.2020)
Арзиши гази моеъ умдатарин маводи ҳаракатдиҳандаи воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон ба 4 сомонӣ дакка хурдааст, ки ин назар ба як моҳи пеш 45 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тайи як ҳафтаи охир қимати фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 50 дарсад гарон шудани нархи газро дақиқан шарҳ намедиҳанд.

Як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гуфт, сабаби баланд рафтани нархи газро дақиқан шарҳ дода наметавонад.

"Мо коргари оддӣ ҳастем. Ҳисобу китоби хариди фурӯш дар ихтиёри роҳбарият аст, чи хел нархро муқаррар кунанд, мо аз рӯи ҳамон ба фурӯш мегузорем", -  гуфт ҳамсуҳбати мо.

Корманди як таъмингоҳи маводи сӯзишворӣ дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки болоравии нархи газ ба ҳаҷми воридоти он вобаста аст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ворид намудани газ ба Тоҷикистон кам шуда ва аз ҳамин лиҳоз нархи он баланд рафтааст.

Аммо Усмон Раҳматов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, баланд бардоштани нархи газ дар рӯзҳои охир, ба афзоиши гаштугузори мошинҳо дар роҳу ҷодаҳои Тоҷикистон пас аз замони хатми қарантинаи хонагӣ аст.

Чаро дар нархи нафту газ мувозинат дида намешавад

"Агар нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ масъалан бензин ва дизел ҳам дар баробари газ то 50 % боло мерафтанд, гуфтан мумкин буд, ҳаҷми воридоти маводи сӯхт дар Тоҷикистон кам шуда, ин ба болоравии нарх бетаъсир намондааст. Аммо тавре мебинед, танҳо газ боло рафтааст. Ин аз он сабаб, ки ҳоло бештари воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунанд", - афзуд коршинос.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло қимати 1 литр гази моеъ ба 3, 9 то 4 ва дар баъзе ҷойҳо 4, 2 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои май ва июн, арзиши он аз 2, 5 то ба 2, 8 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ронандаҳои таксӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, болоравии нархи газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад.

"Ҳоло барои як нуқтаи сафар 10 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз сабаби қимат шудани нархи газ, ҳеҷ ронанда бо ин нарх мусофир намекашонад. Зеро нархи хизматрасонӣ, хароҷоти хариди сӯзишвориро намебарорад", - гуфт як ронандаи таксӣ.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон" аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

74
Барчаспҳо:
қиматшавӣ, газ, нарх, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Қарори Ҳукумат: 400 сомонӣ кумакпулӣ ба кӣ ва кай пардохта мешавад

304
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои иҷрои фармонаш дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қарори Ҳукуматро имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.

Мақомоти марказӣ муваззаф шудаанд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пешниҳод намоянд.

Вазорати молия дастур гирифтаст, ки барои пардохти кумакпулӣ маблағ ҷудо намояду "Амонатбонк" интиқоли саривақтии маблағҳоро ба кортҳои бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ таъмин намояд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.

304
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, Тоҷикистон
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

0
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон