Генерал Зиёратшо Гайратшозода

Даргузашти боз як генерал: пас аз як моҳи нафақа ва се рӯзи маризӣ

4235
(Таҷдидшуда 12:35 26.06.2020)
Генерал Зиёратшо Ғайратшозода, ки то 1 майи соли равон сардори Раёсати адлияи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, дар синни 63 – солагӣ аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Масрур Ғайратшозода, бародарзодаи марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз се рӯзи анҷоми хизмати давлатӣ ӯ барои истироҳат ба зодгоҳаш омад, аз сиҳатиаш шикоят надошт, аммо се рӯзи қабл аз марг ба дарди миён печид.

“Пас аз доруву дармон ба по шуд ва берун ҳам мебаромад. Дирӯз, 25 июн, тақрибан соатҳои 6 ба ман занг зад, ки биё, мазаам нест. Бо иттифоқи пизишкон ба ҳузураш рафтам, аммо на дору кӯмакаш кард, на сӯзандорӯ. Дар гузашта як бор соли 2005 инфаркт гирифта, соли 2018 низ дилаш се дақиқа аз кор монда буд. Хулоса, як соат нагузашта, дилаш аз кор монд”, - гуфт Масрур Ғайратшозода.
Генерал-майор Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин, собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон
акс аз саҳифаи Наврӯз Қурбонзода, масъули котиботи Маҷлиси миллӣ

Ғайратшозода Зиёратшо Пирумшо 15 апрели соли 1957 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро хатм кардааст.

Моҳи июни соли 1978 ба фаъолиятҳои расмии худ шурӯъ карда, то соли 1990 навбатдори фаврӣ ва муффаттиши шӯъбаи корҳои дохилӣ ва иҷрочии суди ноҳияи Ванҷ буд.

Баъдтар дар вазифаҳои ёрдамчии калони прокуратураи шаҳрҳои Хоруғу Душанбе ва прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ (1990-1998), судяи Суди шаҳри Хоруғ (1998-2000), сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Ванҷ, сардори шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ВМКБ ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ (2005-2015) кор кардааст.

"Ҳамлаи пневмония" ба генералҳои ВКД: бидуни талафот

Соли 2015 Зиёратшо Ғайратшозода сардори Раёсати адлияи ВМКБ таъин шуд. Соли 2018 бо амри президенти Тоҷикистон рутбаи хизматии генерал-майори адлияро ба даст овард.

“Ӯ бо хоҳиши худ аз мансабаш канор рафт. Мехост истироҳат кунад ва дар ҷамъи пайвандону дӯстон бошад. Мегуфт, ёддоштҳояшро хоҳад навишт. Аммо насиб накард”, - гуфт бародарзодааш Масрур Ғайратшозода.

Генерал – майор Зиёратшо Ғайратшозода бегоҳии 25 июн дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

4235
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

27
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

27
Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ

Юсуф Раҳмон: “Тафтиши парвандаи “Хӯҷа - Командир” ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”

48
(Таҷдидшуда 13:38 14.07.2020)
Парвандаи Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба “Хӯҷа - Командир”, ки ҳанӯз моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе интиқол ёфта буд, ҳамоно дар дасти тафтишот аст ва ниҳоӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати Хӯҷа Каримов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Парванда ҳанӯз такмил нашудааст. Пас аз анҷоми тафтишот ба суд ирсол хоҳад шуд”, - кӯтоҳ посух дод Юсуф Раҳмон.

 Парванда алайҳи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.

 Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд. Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

48
Барчаспҳо:
марҳилаи ниҳоӣ, тафтиши парванда, Юсуф Раҳмон, додситони кулл, Прокурори генералӣ, Тоҷикистон